Шавкат Мирзиёев дар нишасти Созмони ҳамкории иқтисодӣ суханронӣ мекунад


Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон имрӯз дар 14-умин нишасти Созмони ҳамкории иқтисодӣ суханронӣ хоҳад кард. Ин нишаст дар шакли видеоконфронс баргузор мешавад.
Бино ба хабари маркази матбуотии раисҷумҳури Ӯзбекистон, дар ин нишаст, ки таҳти роҳбарии Раҷаб Ардуғон, раисҷумҳури Туркия барпо мегардад, масъалаҳои муҳимми ҳамкории амалӣ дар қаламрави созмон баъди пандемияи коронавирус баррасӣ хоҳад шуд.
Созмони ҳамкории иқтисодӣ соли 1985 таъсис ёфтааст. Ҳадафи асосии созмон рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, инноватсия, ҳамлу нақл, иртиботот, энергетика, кишоварзӣ ва саноат мебошад.
Ӯзбекистон, Туркия, Эрон, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Озарбойҷон ва Афғонистон аъзои созмонанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ