Ҷоизадорони мукофоти Зулфияро эълон карданд


Дар арафаи Иди байналмилалии бонувон – 8-уми март 28 нафар духтар бо мукофоти давлатии Зулфия сарафроз шуданд. Дар ин бора бора қарори президент эълон гардид.
Имсол 28 нафар духтари боиқтидор барои хулқи аъло, истеъдоди камёб, ташаббускорӣ, комёбӣ дар соҳаҳои таълим, фан, адабиёт, санъат, варзиш ва фаъолияти ҷамоатӣ ин мукофоти давлатиро гирифтанд.
Ба ҳар яки онҳо 12250000 сӯмӣ мукофотпулӣ дода мешавад.
Аз духтарони самарқандӣ Феруза Хайруллоева (котиби матбуоти ТНН «Республика ёш ижодкорлар кенгаши» (Шӯрои эҷодкорони ҷавони республика) ва Моҳинисо Шомуродова (донишҷӯйи соли дуввуми Донишгоҳи давлатии забони ӯзбекӣ ва адабиёти Тошканд) соҳибони мукофоти Зулфия гаштанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ