Дар Каттақӯрғон сардори корҳои дохилии вилоят қабули сайёр гузаронд


Сардори СКД вилояти Самарқанд, полковник Шавкат Раҳмонов дар мактаби мусиқӣ ва санъати рақами 30-и маҳаллаи Каттаминги ноҳияи Каттақрғон, барои аҳолии ноҳия қабули сайёр гузаронд. Дар он роҳбарони ҳокимияти ноҳия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, корхона, ташкилот ва муассисаҳо иштирок карданд.
Дар давоми қабул муроҷиати аз рӯйи масъалаҳои гуногун кардаи беш аз 20 нафар шаҳрванд, ки аз ҳудуди ноҳия омаданд, шунида шуд. Муроҷиатҳо асосан аз масъалаҳои мақомоти корҳои дохилӣ ва соҳаи иҷтимоӣ иборат буда, аз ҷониби сардори садорат ба назорат гирифта мешавад. Баъзе масъалаҳо дар ҷойи худ ҳалли худро ёфтанд.
Дар поёни қабул ба шахсоне, ки ба синни 16 даромадаанду шаҳрвандӣ надоранд, шиносномаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон супурда шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ