Freedom House Ӯзбекистонро давлати «озод набуда» донист


Ташкилоти байналмилалии ҳуқуқҳои инсони Freedom House рейтинги «Freedom in the World 2021»-ро эълон кард. Дар он Ӯзбекистон аз 100 балл 11 балл ҷамъоварӣ карда, маротибаи дигар аз сафи мамлакатҳои «озод набуда» ҷой гирифт.
Ҳуқуқҳои сиёсии ӯзбекистониён аз 40 балл 2 балл, дараҷаи озодии шаҳрвандон аз 60 балл бо 9 балл баҳогузорӣ шуд.
Мамлакатҳои ИДМ дар рейтинг:
*Молдова — 61 балл/қисман озод;
*Украина — 60 балл/қисман озод;
*Арманистон — 55 балл/қисман озод;
*Қирғизистон — 28 балл/озод нест;
*Қазоқистон — 23 балл/ озод нест;
*Россия — 20 балл/ озод нест;
*Беларус — 11 балл/озод нест;
*Ӯзбекистон — 11 балл/озод нест;
*Озарбойҷон — 10 балл/озод нест;
*Тоҷикистон — 8 балл/озод нест;
*Туркманистон — 2 балл/озод нест.
Дар рейтинг Шветсия, Норвегия ва Финландия бо 100 балл пешсафӣ мекунанд. Зеландияи нав 99 балл, Уругвай ва Голландия 98 баллӣ ҷамъ карданд. Тибет ва Сурия натиҷаи бадтаринро нишон додаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ