Барои чеҳраи зебо доштан чӣ хӯрдан лозим аст?

Таассуроти аввалин дар бораи шахс бо намуди зоҳирии ӯ ташаккул меёбад. Ин, албатта, далели асосии шиносоӣ ва муошират нест. Аммо, агар шумо ранги солими пӯст дошта бошед, гуфтугӯ бо ҳамсӯҳбат гуворотар аст. Ҳатто чӣ гуна будани акси чеҳраи шумо дар оина метавонад кайфияти шуморо беҳтар ё вайрон кунад. Махсусан занон ба намуди зоҳирӣ ҳасад мебаранд ва ҷустуҷӯи кремҳои «сеҳрнок»-и нигоҳубини пӯст мешаванд.
Ҳеҷ кадом креми беҳтарин пӯстро зебо ва тару тоза намекунад, агар шумо парҳези солимро риоя накунед.
Хурмои хушкшуда (финик) ба рӯй ранги солим мебахшад, зеро дар таркиби он нахи дорои детокситатсияи ҷисм ва мис мавҷуд аст, ки дар пайдоиши сурхӣ дар рухсораҳо тавассути ҳавасмандкунии истеҳсоли ҳуҷайраҳои сурх мусоидат мекунанд.
Тухми офтобпараст – чандирӣ. Дар як рӯз як ҳавуч тухми офтобпарастро хӯред, пӯст дурахшон мешавад. Аммо аз ҳад зиёд истеъмол накунед, зеро ин маҳсулот калориянок аст.
Мева, буттамева, сабзавот, кабудӣ аз витаминҳои В ва С бой мебошанд.
Афлесун ва меваҳои сурх норасоии витаминҳои бета-­каротин ва витамини А‑ро пешгирӣ мекунад.
Авокадо ва банан – меланин.
Хурмо, себи зангор ва анор – гемоглобин.
Чормағз – анбори омега‑3, меланин, витаминҳои Н ва Е. Қисми хеле кам дар як рӯз кифоя аст.
Моҳӣ ва маҳсулоти баҳрӣ – организмро бо сафеда, меланин, руҳ, витамини В ва кислотаҳои омега‑2 таъмин мекунанд.
Маҳсулоти ширӣ (аз ҷумла, панир ва творог) аз калтсий ва сафедаи солим бой мебошанд.
Об барои организм хеле муҳим аст. Он барои барқарор кардани пӯсте, ки аз офтоб, шамол хушк шуда зарар дидааст, фоидаовар мебошад.
Шифокорон маслиҳат медиҳанд, ки дар як рӯз 1,5–2 литр (ба ҳисоби 30 мл. барои як килограмм вазн) об нӯшанд. Сухан дар бораи оби тозаи бегаз меравад. Аммо чой, қаҳва, шарбат ба ин меъёр дохил намешаванд.

Тарҷима ва таҳияи
Лола РАҲИМОВА

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ