Футболбози тоҷикистони ба дастаи “Қизилқум”-и Ӯзбекистон гузашт



Нимҳимоятгари мунтахаби футболи Тоҷикистон Ҷаҳонгир Эргашеви 26-сола ба дастаи “Қизилқум”-и Суперлигаи Ӯзбекистон гузашт.
Дар ин бора хадамоти матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст, ки Ҷаҳонгир Эргашев бо тими “Қизилқум” то охири мавсим қарордод ба имзо расонидааст.
То ин дам Эргашев дар дастаи “Хуҷанд”-и ин кишвар бозӣ карда, соли гузашта ҳамроҳи ин тим ба дарёфти медалҳои нуқраи чемпионат шарафёб гардид.
Дар мавсими соли гузашта “Қизилқум” дар мусобиқаи Суперлигаи Ӯзбекистон зинаи 11-умро ишғол кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ