#Варзиш Месси боз соҳиби ҷоиза шуд


Ҳамлавари аргентинии дастаи «Барселона» Лионел Месси унвони беҳтарин бозигари моҳи февралро дар Ла Лига ба даст овард. Дар 5 бозии моҳи феврал аргентинии 33 сола 7 гол ва 2 паси головар анҷом додааст. Дар ҳоли ҳозир Лео бо 19 гол садрнишини ҷадвали нишонзанҳои Ла Лига мебошад. Ба ғайр аз Месси инчунин Тибо Куртуа («Реал»), Александер Исак («Реал Сосйедад»), Ёсин Буну («Севиля»), Алехандро Беренгер («Атлетик»), Набил Фекир («Реал Бетис») ва Хосе Луис Моралес («Леванте») барои соҳиб шудани ҷоизаи мазкур мубориза мебурданд. Месси дар Ла Лига 508 маротиба вориди майдон шуда, ба задани 463 гол ва 202 паси головар даст ёфтааст. Ҳоло арзиши Лео дар бозори ҷаҳонӣ 80 млн евро муқаррар шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ