Фанни математика чунон ҷиддӣ аст, ки…



Барои гирифтани дониши васеъ, аз худ кардани маводҳои таълимии фанҳо, хусусан математика меҳру шавқмандии донишомӯзон аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Яке аз роҳҳои бедор кардани меҳру шавқмандии хонандагон ба фан ташкил кардани моҳонаи фан ва гузарондани машғулотҳои амалӣ мебошанд. Феврал дар мактаби рақами 69-уми шаҳри Самарқанд моҳонаи математика ва информатика буд. Дар оғози моҳ тадбири кушодашавии моҳона баргузор гардид. Дар он донишомӯзони мактаб фаъол иштирок карданд.
Инкишофи шавқи хонанда ба фан, аз ҷумла ба математика яке аз вазифаҳои асосие мебошад, ки дар назди омӯзгорон истодааст. Олими маъруф Паскал бесабаб нагуфтааст, ки «математика чунон фанни ҷиддӣ аст, ки имкони каме шавқангез кардани онро набояд аз даст дод». Ба баъзе донишомӯзон мамнуние, ки аз ҳалли дурусти масъала мегиранд, барои пайдо шудани шавқ ба математика кифоя мебошад. Вале шогирдоне низ ҳастанд, ки барои бедор кардани майли онҳо ба фан машғулоти иловагӣ лозим аст. Яке аз шаклҳои машғулоти иловагӣ гузарондани моҳонаи математика мебошад. Чуноне, ки гуфтем, имсол дар мактаб моҳонаи математика дар моҳи феврал баргузор гардид. Дар ин давр тадбирҳои гуногун гузаронда шуданд, аз ҷумла рӯзи 12-уми феврал маҳфили «Заковат» бо иштироки хонандагони синфҳои 5-уми «А» ва 5-уми «Б» барпо гашт. Рӯзи 27-уми феврал бошад, хонандагони синфи 6-уми «А» лоиҳаи эҷодии «Дар олами ададҳои мусбат ва манфӣ»-ро амалӣ карданд ва ҳоказо.
Рӯзи 27-уми феврали соли 2021 дар маҷлиси умумии мактаб натиҷаҳои моҳона ҷамъбаст карда шуд. Ба ғолибон ва онҳое, ки дар моҳона фаъолона иштирок карданд, дар вазъи тантанавӣ ифтихорнома ва сертификатҳо супурданд.

Ирода ХУРРАМОВА,
омӯзгори фанни математикаи мактаби таълими умумии рақами 69-уми шаҳри Самарқанд

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ