Боҷхоначиҳо шаҳрвандро якуним сол сарсон карданд. Ба ходимони айбдор ҷазо дода мешавад?


Кумитаи боҷхона ноҳақ будани худро донад ҳам, соҳибкорро қариб якуним сол дар судҳо сарсон карда, мошини боркашонеро, ки вай аз хориҷа оварда буд, надод. Ниҳоят, Суди олӣ қарорҳои судҳои дараҷа (инстансия) — ҳои поиниро маъқул карда, нуқтаи охиринро ба фоидаи шаҳрванд гузошт. Ҳамин тавр ғайр аз ба соҳибкор баргардонида додани ин мошинҳои боркашонӣ илоҷи дигари садорати боҷхонаи вилояти Фарғона намонд.

— Агар боҷхоначиҳо » фура» — ҳоямро мувофиқи қонун саривақт расмӣ карда медоданд, дар ин муддат кам даромад намегирифтам, — гуфт соҳибкор Отабек Эргашев.

Хӯш, аз шаҳрвандро якуним сол сарсон кардани боҷхоначиҳо ки манфиат дид? Фоидаеро, ки дар ин давр гирифта нашуд, ки пардохт мекунад? Ба ходимоне, ки шаҳрвандро беасос сарсон карданд, чи хел чораҳо дида мешаванд ?

Ҷавоби чунин саволҳоро аз Кумитаи боҷхона мунтазирем.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ