#Варзиш Натиҷаи рақобатҳои мусобиқаи UFC 259



Рақобатҳои UFC 259 имрӯз, 7 март дар шаҳри Лас Вегас (ИМА) баргузор шуданд. Дар қувваозмоии асосӣ Ян Блаховичи полшагӣ бо қарори доварон ба намояндаи Зеландияи Нав — Исроил Адесания пирӯз шуда, камарбанди вазни гаронро ҳимоя кард. Барои Исроил Адесания ин аввалин бохт дар намудҳои муҳорибаи омехта буд. Дар қувваозмоии асосии дигар размоварбонуи бразилӣ — Аманда Нунес Меган Андерсонро мағлуб карда, бори дуюм камарбанди вазни гаронро ҳимоя кард. Дар қувваозмоӣ барои камарбанди вазни сабук, Пётр Яни рус аз Алҷамейн Стерлинги амрикоӣ мағлуб шуд ва унвони қаҳрамониро аз даст дод. Варзишгари рус дар даври чорум барои зарбаи манъшудаи зону ба сари ҳариф аз ҳаққи мубориза маҳрум карда шуд.

UFC 259. Лас-Вегас (ИМА):

Ян Блахович (28-8) бо қарори доварон бар Исраэля Адесаню (20-1) пирӯз шуд (49-46, 49-45, 49-45);

Аманда Нуньес (21-4) дар даври якум Меган Андерсонро (11-5) шикаст дод;

Петр Ян (15-2) барои зарбаи маъншудаи довар муҷозот ва дар рақобат бо Алҷамейн Стерлинги аз камарбанди вазни сабук маҳрум карда шуд.

Ислам Махачев (19-1) бар Дрю Добера (23-10) комёб шуд;

Тиаго Сантос (21-9) аз Александр Ракич (14-2) бо қарори доварон ноком шуд (28-29, 28-29, 27-30);

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ