Рейтинги маъмултарин ваксинаҳо алайҳи коронавирус тартиб дода шуд


Ваксинаи Русия алайҳи коронавируси «Спутник V» дуввумин доруи маъмултарин алайҳи ин сироят дар ҷаҳон дониста шуд. Дар ин бора таҳиягарони ваксина дар Твиттери худ эълом кардаанд.
Спутник V аз рӯи теъдоди тасдиқи меъёрӣ дуввумин маъмултарин ваксинаи зиди коронавирус мебошад. Ташаккур барои эътимодатон!»- қайд карданд коршиносон.
Раддабандии пешниҳодшуда ҳашт мавқеъро дар бар мегирад. Дар як сутун номи дору ва дар дигараш шумораи кишварҳое, ки ваксинаро барои истифода тасдиқ кардаанд, нишон дода шудааст.
Ҳамин тавр, «Спутник V» аз Pfizer-и амрикоӣ пеш гузашта, ҷои дуввумро аз худ кардааст. Доруи Русия барои истифода дар 45 кишвар ва ваксинаи ИМА дар 43 кишвар тасдиқ шудааст.
Пешсафи рейтинг AstraZeneca англисӣ-шведӣ мебошад. Ин дору барои истифода дар 49 кишвар тасдиқ шудааст.
Дар ҷои панҷум Moderna — и Амрико, пас Sinopharm, Sinovac ва CanSino-и Чин ҷойгир шудаанд. Ваксина ба наздикӣ таҳияшуда Johnson & Johnson, ки дар чор кишвар тасдиқ шудааст, дар рейтинг ҷойи охиронро ишғол кард.
Ёдовар мешавем, ки самаранокии доруи AstraZeneca тибқи маълумоти Донишгоҳи Оксфорд 70% -ро ташкил медиҳад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ