Жоан Лапорта ба роҳбарии “Барселона” баргашт


Жоан Лапорта бори савум раиси дастаи “Барселона” шуд. Ӯ дар интихоботи раиси даста 54,28 дарсад овоз дарёфт кард. Виктор Фонт ва Тони Фрейша, ки рақибони ӯ буданд, натавонистанд ба ӯ рақобати ҷиддӣ нишон диҳанд.
Ёдовар мешавем, ӯ бори чорум дар интихоботи раиси “Барселона” иштирок кард. Лапорта дар солҳои 2003 ва 2006 дар интихобот пирӯз шуда ва раисии “Барселона”-ро ӯҳдаи худ гирифта буд. Аммо дар интихоботи соли 2015 ӯ ба Жозеп Бартомео мағлуб шуд.
Дар даври раисии Лапорта “Барселона” 4 бор қаҳрамони Испания, 2 бор қаҳрамони Аврупо шуда буданд. Дар умум, дар солҳои раисии ӯ Барселона 12 ҷоизаро аз они худ кард.
Лапорта акнун то соли 2027 раисии “Барселона”-ро бар ӯҳдаи худ хоҳад дошт.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ