Ҳаводорони “Ливерпул” барои Мбаппе пул ҷамъ мекунанд


Ҳаводорони “Ливерпул”-и Англия, ки аз натиҷаҳои бозиҳои охири дастаашон норозӣ ҳастанд, ба ҷамъоварии пули зарурӣ барои трансфери Клиан Мбаппе – ситораи “ПСҶ” камар бастанд.
Бино ба хабари расонаҳои варзишӣ, ҷамъоварии пул дар платформаи Gofundme.com ба роҳ андохта шуд.
Ба назари ташаббускорон, шумори ҳаводорони “Ливерпул” дар ҷаҳон тақрибан 100 миллион нафар аст ва барои ҷамъ овардани 250 миллион фунт стерлинг (291 миллион евро) ҳар як нафар 2,5 фунтӣ диҳад кифоя мекунад.
Ҳаводорон мегӯянд, ки ин маблағ барои оғози музокираҳо бо Мбаппе ёрӣ хоҳад дод. То ҳол 3728 фунт стерлинг ҷамъ шудааст.
Пойгоҳи хабарии Transfermarkt.de нархи трансфери ситораи парижиҳоро 180 миллион евро (154 миллион фунт стерлинг) арзёбӣ кардааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ