«Пахтакор» ба ҷамоаи дар тамоми мусобиқаҳои Ӯзбекистон ғолибгардида табдил ёфт


Клуби «Пахтакор» — и Тошканд «Суперҷом -2021»-ро ба даст оварда, боз як рекорд қайд кард.
Бино ба хабари сомонаи расмии клуби «шерҳо» бо соҳиби суперҷом шудан, ҷамоаи аввали дар тамоми мусобиқаҳои футболи мамлакат ғолибгардида тадил гардид. Акнун дар ҳисоби «Пахтакор» 13 маротиба чемпионӣ, 13 маротиба ғолиби Ҷоми Ӯзбекистон, 1 маротиба соҳиби Ҷоми Лига ва як маротиба соҳиби суперҷом мавҷуд аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ