Президенти нави «Барселона» ҳадафҳои дастаро барои панҷ соли оянда шарҳ дод



Президенти тозаинтихоби «Барселона» — Жоан Лапорта назари худро дар бораи он, ки чӣ гуна мехоҳад бошгоҳро то соли 2026 бубинад, изҳор намуд.

«Ман мехостам, ки «Барса» бо «Камп Ноу»-и нав бошад. Месси бо мо бимонад ва даста аз нуқтаи назари иқтисодӣ солим бошад. Ман ба як ё ду ҷоизаи Лигаи чемпионҳо умедворам. Намехоҳам барои Месси интизориҳои бардурӯғ диҳам. Ман барои дар даст боқӣ мондани ӯ кӯшиш мекунам. Намедонам, ки Лео мемонад ё не, зеро ӯ метавонад бо ҳама гуна дастаҳо гуфтушунид кунад. Ман боварӣ дорам, ки бо мо ӯ қодир аст, ки боз як Лигаи Чемпионҳоро ба даст орад», — гуфт Лапорта.

Ёдовар мешавем, ки «Барселона» бо сарварии Лапорта чаҳор маротиба чемпионионти Испания, як бор Ҷоми кишвар, се маротиба Суперҷоми Испания, ду маротиба Лигаи Чемпионҳо як бор Суперҷоми УЕФА ва чемпионати ҷаҳонии бошгоҳҳоро ба даст овардааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ