Дар ду моҳи охир 802 садамаи нақлиётӣ рух дод. Аз ҳама бештар дар куҷо?


Аз тарафи Сарсадорати бехатарии ҳаракати роҳ дар бораи садамаҳои нақлиётие, ки дар ду моҳи охир рух додаанд, маълумот пешниҳод карда шуд. Бино ба иттилои манбаъ дар ду моҳи охир 802 садамаи нақлиётӣ рух додааст, ки аз он 255 садама бо марг анҷом ёфтанд.
Дар натиҷа, 528 нафар вафот карданд ва 724 нафар шаҳрванд ҷароҳати гуногун гирифтанд. Қариб нисфи ин садамаҳо бо иштироки пиёдагардон ва кӯдакон рух додаанд. Аз рӯйи садамаҳои нақлиётӣ шаҳри Тошканд ва вилояти Тошканд пешсафанд.
Ҳамзамон, 42 садамаи нақлиётӣ бо сабаби номусоидии обу ҳаво, 30 ҳодиса аз сабаби номукаммалии роҳи пиёдагардон ва 18 садамаи нақлиётӣ аз сабаби набудани роҳҳои велосипедронӣ рух додааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ