Қаҳрамонии “Порту” дар майдони “Ювентус”


Дастаи “Порту”-и Лиссабон, ки дар бозии аввали даври ҳаштякниҳоии Лигаи қаҳрамонони Аврупо “Ювентус”-и Италияро мағлуб карда буд, дар бозии дувум бо вуҷуди шикаст хӯрдан натиҷаи дилхоҳи худро ба даст овард. “Ювентус” ҳарчанд, ки бо натиҷаи 3 бар 2 ғолиб шуд, аммо ба далели голҳои лиссабониҳо дар сафар маҷбур шуд дар ҳамин марҳила иштироки худро дар мусобиқа қатъ кунад.
Аксари ҳаводорон аз Роналду мунтазири “мӯъҷиза”-и навбати буданд, вале ӯ натавонист ин бор қаҳрамони бозӣ шавад. Бояд гуфт, ки ин бозӣ қисмҳои иловагӣ низ дошт ва “Порту” дар қисмҳои иловагӣ даҳнафарӣ бозӣ кард.
“Боруссия”-и Дортмунд дар майдони худ бо “Севилия” муросо кард: 2-2. Дар ин бозӣ Ҳолланд боз ду бор ба дарвозаи андалусиҳо гол зад. Футболбозони Дортмунд, ки дар бозии аввал пирӯз шуда буданд, ба даври чорякниҳоии мусобиқа роҳ ёфтанд.
Имшаб ҳаводорони футболро бозиҳои шавқовари “Ливерпул”-“Лейпзиг” ва “ПСҶ”-“Барселона” мунтазир аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ