Ӯ афсонаи ояндаи футбол аст


Эрлинг Ҳоланд, ҳуҷумгари дастаи “Боруссия”-и Дортмунд шаби гузашта ба дарвозаи “Севилия” дуто гол зад.
Бо ин ҳол, шумори умумии голҳои Ҳоланд дар Лигаи қаҳрамонони Аврупо ба 20-то расид. Ба ӯ ҳамагӣ 14-то бозӣ кифоя кард, ки 20-умин голи худро дар таърихи мусобиқа сабт кунад. Ин рекорди мутлақ мебошад.
Рекорди қаблиро Ҳарри Кейн, футболбози “Тоттенҳем” гузошта буд. Аммо ӯ барои 20 гол задан дар 24 бозӣ иштирок кардааст.
Ҳамчунин, Ҳоланд ҷавонтарин футболбози таърих шуд, паиҳам дар 6 бозии Лигаи қаҳрамонон гол задааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ