Ӯзбекистон аз Чин беш аз 1 миллион доза ваксина мехарад


Ӯзбекистон аз Чин беш аз як миллион доза ваксинаи ZF-UZ-VAC 2001 мехарад.
Дар ин бора Иброҳим Абдураҳмонов, вазири рушди инноватсионии Ӯзбекистон дар мусоҳиба бо агентии Синхуа гуфт.
Ба гуфтаи Абдураҳмонов, моҳи декабри соли гузашта дар Ӯзбекистон марҳилаи савуми озмоиши ваксинаи чинӣ оғоз шуд. Натиҷаҳои озмоиш мусбат буд. Ваксина ба аксарият таъсири хуб расонд. Фақат чанд касе баъди ваксиназанӣ таб карданд, ё, дору вокуниши аллергикӣ нишон дод. Аммо, баъди чанд рӯзи ваксиназанӣ ҳамаи онҳо ба ҳолати мӯътадил баргаштанд.
Вай афзуд, ки дар миёнаи моҳи март ваксиназанӣ оғоз мегардад, то он замон Чин ваксинаҳоро ба Ӯзбекистон мефиристад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ