Ба ду клуби пойтахт зафар ёр шуд


Дирӯз ду бозии Суперлигаи футболи Ӯзбекистон шуда гузашт. Дар варзишгоҳи «Марказий» — и шаҳри Қарши клубҳои «Насаф» — и Қарши ва»Пахтакор» — и Тошканд қувваозмоӣ карданд. «Пахтакор» дар меҳмони «Насаф» — ро ба ҳисоби 3:2 мағлуб сохта, 3 холи аввалинро ба даст овард.
Дар Тошканд клубҳои «Бунёдкор» — и Тошканд ва «Машъал» — и мубораки Қашқадарё вохӯрданд. Дар вохӯрӣ клуби «Бунёдкор» ба ҳисоби минималӣ — 1:0 ғалаба ба даст овард.
Ҷ.АСРОР.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ