«Барселона» ба хона, «ПСЖ» ба ¼ финал



Бозии ҷавобии марҳилаи ⅛ ниҳоии Лигаи Чемпионҳо байни дастаҳои «ПСЖ» ва «Барселона» доир шуд. Набарди дастаҳо дар варзишгоҳи «Парк де Пранс»-и шаҳри Париж баргузор гардида, бо натиҷаи мусовии 1:1 хотима ёфт. Ҳарчанд, ки аз оғоз футболбозони «Барса» фаъол буданд ва ҳамлаҳои пай дар пайро ҷониби дарвозаи Кейлор Навас созмон медоданд, вале дар дақиқаи 29-ум футболбозони дастаи меҳмон дар дохили ҷаримагоҳи дастаи худ қойидаи бозиро бар зидди Мауро Икарди вайрон намуданд ва довар ҷониби дарвозаи Марк-Андре тер Стеген ҷаримаи 11 метра таъйин намуд. Килиан Мбаппе пеналтиро бидуни иштибоҳ иҷро намуда, дастаашро пешсаф кард. Ҳафт дақиқа пас аз ин гол ҳамлавари «нилунориҳо» – Лео Месси бо як зарбаи ҳадафраси худ аз беруни ҷаримагоҳ дарвозаи Кейлор Навасро рахна сохта, тавозунро баробар намуд. Дар дақиқаҳои охири нимаи аввали бозӣ каталониҳо имкони дар ҳисоб ба пеш баромаданро доштанд, аммо Месси ҷаримаи 11 метраро ба гол табдил дода натавонист. Ҳамин тавр, дастаҳо бо ҳисоби мусовии 1:1 ба танаффус рафтанд. Гарчанде, ки дар нимаи дуюми бозӣ имкониятҳои голзанӣ барои ҳарду даста буд, вале ба ҳеҷ яке аз онҳо задани гол даст надод. Бо ҳамин рақобати ҷавобии дастаҳо бо натиҷаи мусовии 1:1 ба охир расид. Акунун аз рӯйи натиҷаи ду бозӣ парижиҳо ҳисоби калони 5-2 дастболо шуда, роҳи худро ба марҳилаи баъдӣ ҳамвор намуданд. Шогирдона Куман бошанд, идомаи бозиҳои Лигаи Чемпионҳоро аз тариқи телевизион тамошо мекунанд. Ёдовар мешавем, ки рақобати аввалали дастаҳо дар Каталония бо ҳисоби бузурги 1-4 ба фоидаи «ПСЖ» анҷом ёфта буд.

Лигаи Чемпионҳо. Даври 1/8 ниҳоӣ

Бозии ҷавобӣ

«ПСЖ» (Фаронса) — «Барселона» (Испания) — 1: 1

Голҳо : Мбаппе, 30 (пеналтӣ) — Месси, 36

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ