Рустам Ҳамидов дар Ӯзбекистон «Имоми сол» дониста шуд


Идораи мусалмонони Ӯзбекистон дар асоси овозҳои истифодабарандагони интернет аз рӯйи равияҳои «Имоми сол»,»Ободтарин масҷид» ғолибонро эълон кард.
Бино ба натиҷаҳо, дар соли 2020 имом-хатиби масҷиди ҷомеи «Оққӯрғон» — и ноҳияи Балиқчии вилояти Андиҷон беҳтарин имоми Ӯзбекистон дониста шуд.
Масҷиди ҷомеи «Имом Эшон Муҳаммад» — и шаҳри Нуқусро «Ободтарин масҷид» донистанд.
Ба ғолибон сертификат, мукофоти пулӣ ва тӯҳфаҳо тақдим гардид.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ