Ҳокими вилоят муаммоҳои ҷавонони Ҷомбойро гӯш кард


Эркинҷон Турдимов, ҳокими вилояти Самарқанд рӯзи гузашта дар мактаби рақами 1-уми Ҷомбой бо ҷавонони ин ноҳия мулоқот кард.
Бино ба хабари zarnews.uz, дар ин мулоқот тақрибан 200 нафар ҷавон иштирок карданд ва муаммоҳову мушкилоти худро ба ҳоким гуфтанд. Бояд гуфт, ки номи аксари ин онҳо дар “Дафтари ҷавонон” сабт шудааст.
Анвар Йӯлдошев, ҷавоне аз маҳаллаи Қӯлбостӣ гуфт:
Мо дар ҳавлии худ беш аз 10 хол замини кишт дорем. Бо ин замин оиларо таъмин кардан мумкин аст. Ҳамчунин, дар маҳаллаи мо заминдорон зиёданд ва онҳо низ замини худро шудгор мекунанд. Ман мехостам мотокултиватор харид кунам, вале маблағ надоштам. Ман дар ин бора ба ҳокими вилоят муроҷиат кардам. Гуфтанд, ки ин масъала дар 2 рӯз ҳалли худро меёбад. Ман бо мотокултиватор заминҳои ҳамсоя ҳамдеҳони худро шудгор мекунам ва даромад меёбам.
Эркинҷон Турдимов дар умум 70-то муроҷиати ҷавононро гӯш кард, ки онҳо вобаста ба кредит, бекорӣ, таъмири хонаву ҷой ва ғайра буд. Ҳоким барои ҳалли муаммоҳо ба масъулон дастур дод.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ