Дар навбати якуми Суперлига «Андиҷон» ва «Металлург» ҳам мағлуб шуданд


Дирӯз вохӯриҳои боқимондаи навбати якуми Суперлигаи футболи Ӯзбекистон шуда гузашт. Клуби «Андиҷон» меҳмони клуби «Қизилқум» — и Навоӣ шуда, бозиро ба ҳисоби хурд: 0:1 бохт. Тӯби ғалабаоварро футболбози «Қизилқум» Ойбек Қиличев (аз пеналти) зад. Дар баҳси байни клубҳои «Сурхон» ва «Металлург» ҳам натиҷаи 1:0 қайд гардид. «Сурхон» ғалаба ба даст овард. Ба тӯби ғалабаовар Ҷасурбек Ёқубов муаллифӣ кард. Ҳоло дар ҷадвали бозиҳо 7 клуб (аз 14) сетоӣ хол дорад. Дар вохӯриҳои навбати якум натиҷаҳои баланд, қайд нагардид. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар Суперлига ҷамоаи суст нест.
Ҷ,АСРОР.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ