Олимаҳо ғайр аз ташаккур ба ҳоким дигар пешниҳоди муҳиме накарданд


Дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд имрӯз 5 нафар олимаи профессор фаъолият доранд. Аз 18 факултет дар 5-тои онҳо занон декан ҳастанд. Дар чунин донишгоҳи калон чаро шумори бонувони профессор ҳамагӣ 5 нафар аст. Салоҳияти илмии донишгоҳ дар асл дар кадом сатҳ аст?
Эркинҷон Турдимов, ҳокими вилоят дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд бо бонувони фаъоли ин муассисаи таълимӣ мулоқот кард.
Турдимов зимни суханронӣ дар бораи нақши онҳо дар ҳаёти вилоят таъкид кард, ки бояд нақши онҳоро дар ҷомеа бештар кард.
Ӯ гуфт:
“Дар вилоят 11 муассисаи таълими олӣ дорем, вале ягон ректори зан нест. Дар бораи зиёд кардани шумори занон дар миёни мудирони кафедра ва деканҳо фикр кунем. Одатан ҳангоми таъин кардани бонувон ба вазифаҳои роҳбарӣ саволе пайдо мешавад, ки оё, дар миёни онҳо муносибоне ҳастанд?. Ман мегӯям, ки ҳастанд ва хеле зиёданд. Фақат мо онҳоро бояд ёбем ва роҳнамоӣ кунем. Дар ҷое, ки зан роҳбар аст, тартибу интизом, инсоф ва адолат ҳукмрон мешавад. Борҳо ба ин гувоҳ шудаем. Дар ҳар донишгоҳ, аз ҷумла дар ДДС низ захираи кадрҳои фаъолу ташаббускору соҳибилм аз миёни занон бояд бошад. Ҳамчунин, дар назорати ҷамоатӣ низ нақши занонро боло барем”.
Ш. Тӯхлиева, маслиҳатчии ректори ДДС дар масъалаҳои бонувон, З. Раҳмонова, декани факултети омӯзгорӣ, профессорон – М. Турсунова, К. Ҳасанова низ иштирок карданд.
Ин бонувони фаъол дар бораи муаммоҳои оилавӣ, пешгирии ҷудошавмҳо, густариши ҳамкории олимаҳо бо духтарони ҳудудҳои дурдаст барои таҳсили онҳо, шароитсозӣ барои донишҷӯёни ногиро ва роҳандозии мусобиқаҳои варзишӣ дар миёни олимаҳо фикрҳои худро гуфтанд.
Ин хуб аст, ки олимаҳои ДДС ба муаммоҳои иҷтимоӣ эътибор медиҳанд. Аммо як савол пеш меояд, онҳо муаммоҳои бевосита дахлдор ба донишгоҳу донишҷӯён надоранд? Чанд нафари духтарони хатмкарда бо кор таъмин мешаванд, чанд нафари онҳо бо муаммоҳо рӯбарӯ шудаанд? Афсӯс, ки дар мулоқот аз сӯи олимаҳо пешниҳодҳову муаммоҳои воқеӣ садо надод.
Гулрух Мўминова.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ