Хабарҳо аз Агентии хидматҳои давлатӣ


Онҳое, ки солҳои пеш оиладор шудаанд, медонанд, ки интизорӣ ба маълумотномаи Идораи вилоятии архив чист. Ин ҳол аз сари аксари мо гузаштааст. Барои гирифтани як маълумотнома гоҳо то 15 рӯз мунтазир мемондем. Баъзан сокинони ноҳияҳои дурдаст ба архив омада бо дасти холӣ бармегаштанд, яъне тамоми рӯзашон бенатиҷаву дар сарсонӣ паси сар мешуд. Ҳатто агар маълумотнома тайёр шуда бошад, гоҳо барои гирифтани он соатҳо зери офтобу барфу борон мемондем.
Хушбахтона, акнун ҷараёни гирифтани ин маълумотнома осон шуд. Ҳоло шаҳрвандон метавонанд барои дарёфти маълумотнома аз “ЗАГС” ба сайти Агентии хидматҳои давлатӣ — my.gov.uz муроҷиат кунанд ва зуд онро ба даст гиранд.
Дар ин бора ва дигар навигариҳоии соҳа М. Қурбонов, раиси садорати Агентии хидматҳои давлатии вилояти Самарқанд дар нишасти матбуотӣ маълумот дод.
Ӯ гуфт, ки механизми “Ҳукумати электронӣ” барои сарфаҷӯии вақт, масофа ва хароҷот имкон медиҳад. Шаҳрвандон, тадбиркорон метавонанд дар хонаи худ нишаста тавассути сайти my.gov.uz аз хидматҳои давлатӣ истифода баранд.
Як хабари муҳими дигар ин аст, ки ҳоло дар рӯйхати давлатӣ сабт кардани фаъолияти тадбиркорӣ низ хеле осон шуд. Пеш ҷараёни сабтиноми фаъолияти тадбиркорӣ 7 рӯз идома меёфт ва имрӯз барои он ҳамагӣ ним соат кофист.
Бояд гуфт, ки сокинони вилояти Самарқанд аз 1 марти соли 2020 то 1 марти соли ҷорӣ ба портали ягона 8 782-то аризаи худро ворид кардаанд. Ин нишон медиҳад, ки саводи ҳуқуқии аҳолӣ рӯз ба рӯз беҳтар мегардад.
Самарқандиён бештар барои гирифтани чунин ҳуҷҷатҳо ба портали ягона муроҷиат мекунанд:
1) Маълумотнома дар бораи маҳкумият;
2) Маълумотнома дар бораи никоҳ;
3) Паспорти кадаст;
4) Сабтиноми ҳуқуқи дороӣ ба амволи ғайриманқул.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ