Вассофи гулбоғи дӯстӣ

Абдусалом Деҳотӣ дар адабиёти садаи ХХ тоҷик чун шоир ва нависанда, дромнавис ва тарҷумон, адабиётшиносу забоншинос ва публисисти бомаҳорат мавқеи муносиб дорад. Худи Деҳотӣ дар як ҳазли шоиронааш худро «ним шоир, ним носир, ним муҳаррир, ним мудир» номидааст ва ин беваҷҳ нест. Устод Сотим Улуғзода ҳам дар як мақолаи худ чунин навиштааст: «Агар ҷиддӣ карда гӯем, Деҳотӣ дар шеър ҳам, дар наср ҳам, инчунин дар драманависӣ, тарҷумаи адабӣ ҳам комилу забардаст мебошад. Ба болои ин ҳунарҳои Деҳотӣ журналистии ӯ, фаъолияти илмӣ ва педагогии ӯ (таснифи китобҳои дарсӣ)-ро низ бояд зам кард, он гоҳ дар пеши назари мо образи як нафар қаламкаши серҳунар муҷассам мешавад».
Ҳамин тавр, А. Деҳотӣ қаламкаши серҳунар буд ва ҳамчун адабиётшинос ва публисисти соҳибзавқ низ дар таърихи робитаҳои адабии тоҷику ӯзбек (солҳои 40–50-и асри гузашта) нақши босазо гузошта, мисли устоди худ Садриддин Айнӣ монда нашуда, дӯстии адабиро тарғибу ташвиқ кардааст.
А. Деҳотӣ ғазали «Эй парӣ!»-и шоири маорифпарвар Муқимиро ба тоҷикӣ равону хотирмон тарҷума намудааст. Муқимӣ дар як байти ғазал аз қадрношиносии арбоби замони худ шикоят карда гуфта буд:
Мулки Ҳинду Марвдин келсам, топардим эътибор,
Шул эрур айбим, Муқимий, мардуми Фарғона ман!
Дар тарҷумаи Деҳотӣ:
Гар зи Ҳинду Марв оям, обрӯ меёфтам,
Айбам ин аст, эй Муқимӣ, мардуми Фарғона ман!

А. Деҳотӣ дар шеъри «Муқимӣ, зиндаӣ!» аз ҳамин байти шоир маънӣ гирифта, имрӯз вирди забони ҳар ду халқ будани ӯро бо эҳтиром ба забон мегирад, зиндаю ҷовид будани ному мероси эҷодиашро таъкид менамояд:
…Фахрлан энди, Муқимий, бу гӯзал юртинг билан!
Фахрлан энди, шарафли мардуми Фарғона сан.
Тоҷикон ҳам дар сафи ӯзбек бародарҳои худ,
Зинда медоранд номатро дар ашъору суруд.

Дар ҳақиқат, Абдусалом Деҳотӣ нисбати адабиёти ӯзбек самимияти хоса дошт. Ӯ дар нумӯи дӯстии боғи адабиёти ин ду халқи бародар саҳми арзанда дорад. Мақолаҳои илмии ӯ «Шоир ва мутафаккири бузурги ӯзбек Алишер Навоӣ», «Устоди ду забон ва ду адабиёт» ва даҳҳо мақолаҳои публисистиаш диққати аҳли илму адабро ба худ ҷалб намуда, аз боби сидқу вафо, устодию шогирдии ин ду халқ нақли рӯҳнавозе мекард.
Дар ин мақолаҳои зикршуда А. Деҳотӣ ҳамчун олими адабиётшинос дар бораи хизматҳои Алишер Навоӣ самимона мулоҳиза ронда, мавқеи ӯро дар майдони адабиёт ин тавр муайян менамояд: «Дар Осиёи Миёна дар роҳи ба вуҷуд овардани адабиёти туркӣ-­ӯзбекӣ ҳанӯз чандин вақт пеш аз замони Навоӣ баъзе кӯшишҳо карда шуда буданд. Дар замони вай чанде аз темуриён ҳам ба ин забон асарҳои манзум ва равон менавиштанд. Аммо ба вуҷуди инҳо вазифаи муҳимми замон – вазифаи пурра омӯхтан ва кор карда ба забони форсӣ баробар гардондани забони туркӣ-­ӯзбекӣ ҳанӯз ҳал нашуда буд.
Алишер Навоӣ ба ҳал кардани ана ҳамин вазифа камар баста, ба майдон даромад. Вай дар натиҷаи ҳартарафа омӯхтани имкониятҳои забони модарии худ ба ин қарор омад, ки дар ин забон аз шаклҳои хурди назм (ғазалиёт, рубоиёт, қитъаҳо) сар карда, то достонҳои бузурги қаҳрамонӣ ва асарҳои илмӣ-­фалсафавӣ – ҳамаро ба вуҷуд овардан мумкин будааст. Пас худаш ба иҷрои амалии ин қарор сар кард».
Навоӣ дар тамоми ҳаёти худ дар ду майдони адабиёт баробар мубориза мебурд: аз як тараф дар майдони ба вуҷуд овардани адабиёти забони модарии худ, аз тарафи дигар дар майдони ҳунармандӣ дар забон ва адабиёти форсӣ-­тоҷикӣ».
Ҳамин меҳру самимият нисбати ин адиби мутафаккири адабиёти ӯзбеку тоҷик буд, ки А. Деҳотӣ асари илмии устод Айнӣ «Алишер Навоӣ»-ро мӯшикофона таҳрир мекунад, ба бемории худ нигаҳ накарда мусаввадаҳои онро гаштаю баргашта аз назар мегузаронад. А. Деҳотӣ дар мактуби 26 марти соли 1941 ба С. Айнӣ навиштаи худ заҳмати устодро ин тавр қадршиносӣ менамояд: «Пас аз сафари Грузия чандин рӯз аст, ки бо «таҳрири» (мутолиаи) китоби тартибдодаи шумо – «Мир Алишер Навоӣ» машғул ҳастам…Беғараз ва бе ҳеҷ гуна риёкорӣ арз мекунам, ки фақат шумо метавонистед ба хонандагони тоҷик симои Алишер ва замони вайро бо чунин тасвирҳои дурахшон нишон диҳед. Ҳарчанд, ки дар вақтҳои охир аз кори шумо амалан воқиф набудам, лекин бо вуҷуди ҳамин тасаввур кардан мумкин аст, ки он ҳама замони пурхараҷу мараҷ, ҳодисаҳои печ дар печ, даъвою ҳуҷҷатҳои бешумори гуногунро ба як риштаи тартиб кашидан, ниҳоят ғазалҳои парешон ва бенишон шуда рафтаро ғундошта, ба хонанда тақдим кардан ва ғайра ва ҳоказо… чӣ қадар мушкил ва оворакунанда аст. Чӣ андоза тафтишоти суботкорона, ҳавсала ва қувваи бузурги мантиқиро талаб мекунад. Ба рафиқон тавсия кардам, ки албатта хонанд».
А. Деҳотӣ дар мақолаҳои публисистии худ «Дар оилаи дӯстона», «Самараи боғи дӯстӣ», «Ҳоҷӣ Абулазиз», «Ҳалима Носирова дар Душанбе» ва дигарҳо аз таърихи қадимаи дӯстии ин ду халқ, наздикӣ ва ҳамоҳангии санъату адабиёти онҳо сухан кардааст.


Халқҳои бародари ӯзбеку тоҷик аз қадим ба санъати ҳамдигар меҳру муҳаббат доранд. Инро алоқаю муносибатҳои деринаи таърихӣ, маданӣ ва ҳаётии ҳар ду халқамон талаб мекард ва мекунад».
Мақолаи «Самараи боғи дӯстӣ» (1959) ба муносибати ҳафтаи адабиёти тоҷику ӯзбек дар ин ду республикаи бародарӣ навишта шудааст. Аз мақола бармеояд, ки ин намуди робитаҳои адабиамон дар пойдору мустаҳкам намудани пайвандҳои адабӣ саҳмгузор будаанд: «Ҳафтаи адабиёти ӯзбек, ки дар моҳи октябри соли ҷорӣ дар Тоҷикистон барпо шуд, хеле бомуваффақият гузашт ва намоиши комёбиҳои бузурги халқи бародари мо гардид. Меҳмонони азизи мо – нависандагони ӯзбек дар бозгашти худ мактуби дӯстӣ навишта хурсандӣ ва ташаккури худро бо чунин суханҳои пурҳарорат изҳор кардаанд: «Дар олам аз дӯстӣ табарруктар, аз дӯстӣ олиҷанобтар чизе нест… Ҳиссиёти дӯстӣ ва дидани дидори дӯстони аҷоиб ба қалбамон хурсандии бениҳоят бузург бахшида буд. Вақте, ки ба хоки Тоҷикистон қадам мондем, чеҳраи кушоди хешовандони меҳмондӯстамон, эҳтироми самимона ва табрикҳои онҳо хурсандиамонро сад чанд афзуд».
Дар нимаи дуйӯми моҳи ноябри соли ҷорӣ дар Ӯзбекистон ҳафтаи адабиёти тоҷик барпо шуд, ки дар он шаш нафар аз нависандагони тоҷик бо сардории Сотим Улуғзода иштирок карданд. Вохӯрӣ ва шабҳои адабие, ки дар Тошканд, Янгиер ва Самарқанд ташкил ёфтанд, бо камоли муваффақият ва самимият гузаштанд. Халқҳои Ӯзбекистон нисбат ба адабиёти бадеии тоҷик меҳру муҳаббати ҷӯшони дӯстона изҳор карданд.
Боз як ҷиҳати пураҳамияти ин ҳафтаҳо он аст, ки онҳо фақат намоиши ботантанаи комёбиҳои адабиёт шуда намонда, балки барои нишон додани норасогиҳои кори якдигар ва муайян намудани вазифаҳои доир ба амалиёти якҷояи арбобони адабиёти ҳар ду халқи бародар (аз қабили ба вуҷуд овардани кинофилмҳои муштарак, тартиб додани китобҳои очеркҳо ва ҳоказо) низ воситаи хуби гуфтугӯи амалӣ гардиданд».
Фаъолияти тарҷумонии А. Деҳотӣ низ ҷолиби дикққат аст. Мегӯянд, ки ӯ солҳои сиюми асри гузашта зери таҳрири адабии устод Айнӣ тарҷумаи тоҷикии «Рӯзҳои гузашта»-и адиби маъруфи ӯзбек Абдулло Қодириро анҷом додааст. Мутаассифона, он дар вақташ чоп нашуда мемонад ва дастхати он аз байн меравад. Ин факт гувоҳӣ медиҳад, ки А. Деҳотӣ маҳорати баланди нависандагии ин қаламкаши моҳири ӯзбекро эътироф мекард ва нисбат ба шахсияту эҷодиёти ӯ ихлоси калон дошт.
Минбаъд адиб дар қатори ашъори шоирони ӯзбек якчанд ҳикояҳои адибони ҳамзамони худро аз ӯзбекӣ ба тоҷикӣ баргардондааст. Ӯ соли 1952 мазҳакаи «Сӯзании шоҳӣ»-и нависандаи маъруфи ӯзбек Абдулло Қаҳҳорро ба тоҷикӣ тарҷума мекунад. Нахустнамоиши он 23 апрели соли 1953 дар Театри академию драмавии ба номи Лоҳутӣ барпо гардида буд. Инчунин соли 1954 аз ҷониби ӯ тарҷумаи тоҷикии песаи «Сирҳои дил»-и драмурги ӯзбек Баҳром Раҳмонов ба сомон мерасад ва он худи ҳамон сол дар театри академию драмавии ба номи Лоҳутӣ намоиш дода мешавад.
Маълум аст, ки дар солҳои сиюми асри гузашта як шакли ҳамкории эҷодии адибони тоҷику ӯзбек назаррас буд. Ин ҳам бошад дар сохтмони Канали калони Фарғона ва Ҳисор, дар иншоотҳои азими давлатӣ, ки меҳнаткашони ҳар ду халқ бо кӯмаки намояндагони дигар халқҳои бародар бунёд менамуданд, ташкил намудани гурӯҳҳои якҷояи эҷодии адибон мебошад. Ин гурӯҳҳо дар ҳузури колхозчиёну коргарон мулоқоту шабҳои эҷодӣ ташкил мекарданд. Маҳсули чунин мулоқотҳо ва сӯҳбатҳо очерку ҳикоя, шеъру суруди адибони тоҷику ӯзбек мебошад, ки дар матбуоти ҳамон солҳо ва китобҳои алоҳида чоп мешуданд.
Дар воқеъ, сохтмони Канали калони Фарғона аз воқеаҳои таърихиест, ки тамоми халқро ба ҷӯшу хурӯш оварда буд. Дар он колхозчиён бо белу каланд, экскаваторчиён, шоферону тракторчиён бо машинаҳои худ, инженерон ва техникҳо бо дониши техникиашон, аҳли санъат бо созу овоз ва нависандагон бо қалами худ фаъолона иштирок карда буданд. Он солҳо анъанаи хубе ҷорӣ шуда буд: дар ҳар як сохтмони умумихалқии мамлакат нависандагон ба таври коллективӣ аз аввал то охир шарик буданд. Яъне, вақте ки халқ канали мазкурро меканд, як гурӯҳ адибони тоҷик: Мирзо Турсунзода, Абдусалом Деҳотӣ, Раҳим Ҷалил, Ҷалол Икромӣ, Суҳайлӣ Ҷавҳаризода, Фотеҳ Ниёзӣ, Ҳаким Карим ва дигарон, як гурӯҳ адибони ӯзбек: Ҳамид Олимҷон, Ғафур Ғулом, Ойбек, Комил Яшин, Уйғун, Чустӣ ва ғайраҳо бевосита дар сафи бинокорон қадам ва қалам мезаданд. Ба гуфти адиби серҳунар Абдусалом Деҳотӣ: «Дар баробари канда шудани ҳар километри канал дар мазраи адабиёт ҳам ҷӯе канда мешуд – очерк, ҳикоя ё шеъре ба вуҷуд меомад».
Адиби нуктасанҷ А. Деҳотӣ чунин менависад: «Шоири боистеъдоди ӯзбек марҳум Ҳамид Олимҷон ҳамон солҳо дар васфи Ӯзбекистон шеъре навишта мазмуни ҳамкории аҳли меҳнат ва адибонро дар як байташ хеле санъаткорона ифода карда буд:
«…Ботирлари канал қозади,
Шоирлари ғазал ёзади».

Ин байт аз ҷиҳати ин, ки дорои се қофияи дохилӣ (ботирлари – шоирлари; канал – ғазал; қозади – ёзади) буда, онҳо на танҳо барои зинати лафзӣ, балки мазмунан ҳам муносиб оварда шудаанд, аз байтҳои нодир аст. Ба «ботир» ҳамқофия шудани «шоир» шеъру адабиётро дар қатори корҳои баҳодурона мегузорад. Дар Шарқ – шеъри мавзун ва равонро одатан ба оби равон ташбеҳ мекунанд. Бинобар ин ба ҳам омадани каналу ғазал муносибати том дорад.
Нағз дар хотир дорам, ки соли 1940 дар Тошканд, вақте ки ин хубиҳои байти мазкурро ба худи Ҳамид Олимҷон гуфтам, марҳум бо табассуми хоксоронае чунин ҷавоб дода буд: «Ман буни ёзган вақтда бунчалик ҳуснини ӯйламаган эдим».
Оре, шеъри ҳаётӣ бе қасди пешакӣ, ба тарзи табиӣ хуб мебарояд!».
Дар ҳақиқат, дар ашъори Ҳамид Олимҷон ин гуна шеърҳо бисёранд. Ин буд, ки А. Деҳотӣ шеъри «Орзуҳои соли нав»-и Ҳ. Олимҷонро бо ҳамон рӯҳӯ назокат ба тоҷикӣ равон тарҷума кардааст.
Ҳамин тавр, адиби маъруфи тоҷик Абдусалом Деҳотӣ дар таърихи равобити адабии тоҷику ӯзбеки садаи гузашта мақому манзалати хосе дошта, саҳифаҳои дурахшони онро боз ҳам хонданитар кардааст. Меҳрномаҳои ин адиби серҳунар нисбати адабиёти ин халқи аз қадим дӯсту бародар аҳамияти маънавӣ-­ахлоқӣ дошта, имрӯз низ дар тарбияи мардум дар рӯҳи дӯстию рафоқат ва ҳамдигарфаҳмӣ саҳмгузор мебошад.

Абдусалом САМАДОВ,
устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ