Собиқ қаҳрамони UFC Ҳабибро ба ҷанг даъват кард


Собиқ қаҳрамони вазни сабуки UFC Рафаэл дус Анжус ният дорад бо дорандаи камарбанди ин ташкилот, варзишгари кишвари Россия — Ҳабиб Нурмагомедов мубориза барад. Ин шарти ӯ барои гузаронидани разми алайҳи Ислом Махачев аст. Қаблан размовари рус ба Рафаэл дус Анжус пешниҳод кард, ки рақиби навбатии ӯ шавад. Ба ин, бразилӣ, ки аз барангехтани ҳаяҷон дар атрофи Махачёв норозӣ буд, посух дод: «Агар бародари ту Ҳабиб Нурмагомедов бар ман пирӯз ояд пас ман бо ту разм хоҳам кард» посух дод Дос Анҷос дар саҳифаи “Твиттер”-и худ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ