Шоҳмотбози тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ ғолиб шуд


Фаррух Амонатов, шоҳмотбози тоҷикистонӣ дар мусобиқаи байналмилалӣ, ки ба поси хотири Валентин Семёнов дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор шуд, ғолиб гардид. Дар ин бора “Вечерний Санкт-Петербург” хабар дод.
Ин нахустин мусобиқаи байналмилалии офлайни шоҳмот дар соли ҷорӣ буд.
Фаррух Амонатов аз 11 имконият 10 хол касб кард ва ҷойи аввалро аз они худ кард.
Фаррух Амонатов гроссмейстери сатҳи ҷаҳонии Тоҷикистон мебошад. Ӯ қаҳрамони кишвар ва чандин мусобиқаи байналмилалӣ аст.
Ҳоло Амонатов дар Санкт-Петербург зиндагӣ мекунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ