#Варзиш “Барселона” чор ситораи асосиашро қурбони Ҳолланд мекунад



Бошгоҳи “Барселона” барои футболбози “Боруссия” Дортмунд — Эрлинг Ҳолланд талоши бештар хоҳад кард ва аз ҳайати кунунии худ як чанд футболбози асосиашро ба фурӯш мегузорад.

Арзиши гузариш метавонад тақрибан 100 миллион евроро ташкил диҳад. “Барселона” маҷбур аст, ки барои гузариш якчанд бозигари худро фурӯшад, зеро клуб айни замон дар ҳолати мушкили иқтисодӣ қарор дошта, қарздор аст. Каталонҳо омодаанд Филипп Коутиню, Сэмюэл Умтити, Мартин Брайтвайт, Ҷуниор Фирпо, Антуан Гризманн ва Усмон Дембелеро фурӯшанд. Роҳбарияти нави клуб барои ҷалби ҳамлагари 20 солаи норвегӣ ҳавасманд аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ