Шамоли сахт боми бинои суди Хоразмро ба замин афканд


Боди шадиди шаби гузашта боми бинои суди парвандаҳои ҷиноии ноҳияи Хонқаи вилояти Хоразмро канд ва ба замин афканд.
Бино ба хабари шӯъбаи вилоятии вазъиятҳои фавқулодда дар ин ҳодиса касе осеб надидааст. Ҳоло наҷотдиҳандагон ин ҳолатро бартараф мекунанд.
Ёдовар мешавем, шаби гузашта дар баъзе минтақаҳои кишварамон шамоли сахт вазид ва барф борид. Дар шабакаҳои барқрасонии бархе ноҳияҳои Қорақалпоқистон,Хоразм, Навоӣ ва Самарқанд муаммоҳо ба вуҷуд омад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ