Муаллиме, ки “қишлоқӣ набуд”, аз донишгоҳи давлатии Бухоро барканор шуд


Рӯзи гузашта расонаҳои хабарӣ моҷарои аҷиберо мунташир карданд, ки дар донишгоҳи давлатии Бухоро рух дод. Як омӯзгори донишгоҳ ба донишҷӯёе, ки ба ӯ тӯҳфаи 300-ҳазорсӯмии “хеле арзон” додааст, таъкид мекунад, ки ӯ омӯзгори гӯлу қишлоқӣ нест, то ба ҳар гуна тӯҳфае фирефтаву хурсанд гардад.

Омӯзгор дар идома таҳдид ҳам мекунад, ки “минбаъд ҳамааш дигар хел мешавад”.
Вазорати таълими олӣ ва махсуси миёнаи Ӯзбекистон ба ин ҳодиса таваҷҷӯҳ кард ва дар натиҷаи омӯзгор ба далели рафтори номуносибаш аз донишгоҳи давлатии Бухоро барканор шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ