Рӯзи гузашта дар Тошканд 77 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт шуд


Аз 12 марти соли ҷорӣ дар Тошканд вазъияти эпидемиологии вобаста ба коронавирус боиси нигаронӣ шудааст.
Бино ба хабари вазорати ҳифзи тандурустӣ, рӯзи 12 март дар Ӯзбекистон 89 нафар, аз ҷумла дар Тошканд 77 нафар ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт шуда буд.
Рӯзи гузашта дар кишварамон боз 86 ҳолати нави гирифтори сабт шуд. 77 нафари беморони нав сокинони Тошканд мебошанд.
Ҳоло шумори умумии гирифторони коронавирус дар Ӯзбекистон ба 80567 нафар расид. 79242 нафари онҳо шифо ёфтаанд. Омори шифоёфтагон 99 дарсад аст.
Бояд гуфт, ки дар ин рӯзҳои охир дар Самарқанд касе мубталои коронавирус нашудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ