Бензема «Реал»-ро наҷот дод


«Реал Мадрид» бозии даври 27-уми Ла Лигаро дар майдони худ бо «Элче» доир кард. Чунин ба назар мерасид, ки мадридиҳо пас аз ду мусовии пай дар пай ба осонӣ ғалаба мекунанд, аммо «Элче» ба ин чиз норозӣ буд. «Реал Мадрид» дар оғози рақобат фишор меовард ва якчанд имкониятиҳои голзаниро созмон дод. Оҳиста-оҳиста меҳмонон бозиро баробар карданд. Новобаста аз талоши дастаҳо нимаи аввал бо ҳисоби 0:0 хатм гардид. «Элче» дар дақиқаи 61-ум дар аввалин зарбаи кунҷии худ ҳисобро кушод. Дани Калво дар рақобат бо Рафаел Варан тӯбро бо сар вориди дарвозаи Куртуа намуд. Зидан дарҳол Модрич, Родриго ва Кроосро ба майдон ворид кард. Лука Модрич дар дақиқаи 73-юм тӯбро ба Бензема равон намуд ва футболбози фаронсавӣ ба задани гол даст ёфт. Дақиқаҳои охири бозӣ наздик мегардидан ва «Реал Мадрид» наздик буд, ки дар сеюмин бозии охири худро бо натиҷаи мусовӣ анҷом диҳад, аммо Карим Бензема дар дақиқаи 90+1 бо як голи зебояш ғалабаи дастаи шоҳонаро таъмин намуд.
Пас аз ин ғалаба «Реал Мадрид» 57 имтиёз касб карда, ба зинаи дуюм баромад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ