Рекорди нави гирифторӣ ба коронавирус дар Ӯзбекистон


Рӯзи гузашта дар Ӯзбекистон 111 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус сабт шуд. Дар ин бора вазорати ҳифзи тандурустӣ хабар дод.
93 нафари беморон сокинони шаҳри Тошканд ҳастанд. Нафарони дигар аз вилоятҳои Андиҷон, Бухоро, Сурхондарё ва Тошканд мебошанд.
Бояд гуфт, ки ин шумор дар соли 2021 антирекорди нав аст.
Ҳоло шумори умумии мубталоёни коронавирус ба 80 678 нафар расид. 79 331 нафари онҳо шифо ёфтаанд.
Дар ҳоли ҳозир шумори беморони бистарӣ дар бемористонҳо 725 нафар буда, вазъи саломатии 141 нафар аз онҳо вазнин мебошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ