Чормағз сарморо аз узви бадан дур мекунад


Чормағз шоху барги анбӯҳ ва баргҳои паҳну ҷудо-ҷудо дорад. Баргҳояш бӯйи равғани эфир доранд. Мевааш бо мурури замон хушк шуда, ба ду қисм ҷудо мешавад. Мағзи чормағз дорои маводи ғизоии бисёр аст. Иқтидори ғизоӣ ва равғаннокии он то ҳадде аст, ки дар 100г чормағз 654 ККал вуҷуд дорад. Аз бисёр хӯрданаш фарбеҳӣ ба вуҷуд меояд. Барои одамони вазнашон бисёр зиёд тавсия намешавад. Таркиб ва қурби ғизоии он: сафеда, равған, карбогидрат, об, ангиштоб, ғизонокии ККал16,2 г 60 11 4 16 654.
Назоратчии вазн. Чормағз миқдори қобили тавваҷӯҳи фибрро дар даруни худ ҷой додааст ва ҳамон сабаб мешавад, ки пас аз масрафаш барои муддати тӯлонӣ эҳсоси серӣ дошта бошад. Агар ғизонокӣ яке аз таркиботи даруни чормағз аст, вале масрафи рӯзонаи он роҳи муносиб барои идораи вазн аст. Кӯмак ба хоби беҳтар. Триптофан яке аз таркиботи чормағз аст, ки доштани хоби ором, бокайфият ва афзоиши мизони серотонинро дар бадан кӯмак мекунад. Илова бар ин чормағз як манбаи табии барои таъмини мепотонин аст, ки маъсулияти танзими хобро дар бадан ба ӯҳда дорад. Пешгиркунандаи резиши мӯй. Яке аз роиҷтарин мушкилоти имрӯз барои занону мардон резиши мӯй аст. Чормағз ба далели вуҷуди витамини В7 яке аз хӯрокҳое аст, ки ба тақвияту рушди бештару беҳтари мӯй кӯмак мекунад.
Камранг сохтани нишонаҳои пирӣ. Агар нигарони пир шудани пӯст ва пайдоиши ожанг дар даври чашм ҳастед, ҳаррӯза масраф кардани чормағзро фаромӯш накунед. Ҳамчунин омегаҳои мавҷуд дар он мӯҷиби ҳифзи латофати пӯст мешавад. Оромбахш ва коҳишдиҳандаи стресс. Аз он ҷо, ки чормағз манбаи саршор аз фибр, антиоксидон ва тезоби чарби ҷамънашуда аст, кӯмаки шоёне ба коҳиши стресс мекунад. Бинобар таҳқиқотҳо таъсири чормағз дар коҳиши фишори хун, нақши муҳиме дар аз байн рафтани стресс ва изтироб иҷро мекунад. Агар 200гр қисми чӯбии чормағзро бо як кило асал омехта карда, истеъмол кунанд, омоси ғадудҳоро (аденома)-ро аз байн мебарад.
Фоидаҳои дигари чормағз. Чормағз ба мағзи сар монанд буда, барои саломатии инсон фоидаи зиёд дорад. Хӯрдани чормағз дар фасли гармо, ҳарорати бадан ва захмҳои баданро таҳрик медиҳад ва дар мавсими сардӣ гурдаҳоро гарм нигоҳ дошта, сарморо аз ин узви бадан дур мекунад.
Ҳамаи қисмҳои ин дарахт дорои моддаҳои фаъоли биологӣ мебошанд. Дар пустӣ он тритерлепоидҳо, стероидҳо, алкалоидҳо, витамини С ва ғайра дарёфт шудааст. Гарчанде ки дар таркиби чормағз равғани зиёд бошад ҳам, ӯ барои паст кардани холестерин дар таркиби рагҳои хунгард кӯмак мекунад. Чормағзҳои пухта расида ғизои комил ва доруи баландсифат ба шумор меояд. Дар солҳо қабл равғани чормағзро барои бемории сил истифода мебурданд. Бо доштани қобилияти мубориза бо газакҳо, равғани чормағз бо муваффақият барои муолиҷаи бемориҳои илтиҳобии пӯст, луобҳо, васеъшавии рагҳо истифода мешавад. Инчунин, равғани чормағзро барои пешгирии радиатсиаҳои химиявӣ ба кор мебаранд.
С.Ёдовар.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ