Хонаву ҷойи ҳазор хонадон дар ҳашар таъмир шуд

Барои муносиб ҷашн гирифтани иди байналмиллалии Наврӯз, нигоҳ доштани вазъи эпидемиологии минтақа, бо баробари тарғиби маданияти санитарӣ-гигиенӣ ва тарзи солими рӯзгор ба мақсади дастгирии қишри мӯҳтоҷ ба ҳимояи иҷтимоии аҳолӣ дар вилоят ҳашар баргузор гардид. Дар асоси фармоиши Девони Вазирон, ки 10-уми марти соли 2021 қабул шудааст, 13-уми марти соли ҷорӣ ба ин ҳашари хайриявии байналмиллалии “Маҳаллаам ободу зебо” (“Обод ва кӯркам маҳаллам”) беш аз 1 миллион нафар шаҳрвандон иштирок карданд.
Тибқи маълумоти Садорати дастгирии оила ва маҳаллаи вилоят, дар давоми ҳашар 684 гектар майдон обод гардид. 1462 тонна партобҳои маишӣ ва сохтмонӣ бароварда шуд. Зиёда аз 710 ҳазор дарахтони меваву манзаранок гузошта шуданд.
Мувофиқи хислатҳои мардуми мо хонадони 997 оила таъмир гардида, ба 429 оилаи эҳтиёҷманд кӯмаки моддӣ расонида шуд.
Аз ҳама муҳим он аст, ки ҳамдиёрони мо дар ҳашар бо амри виҷдон, ихтиёрӣ иштирок карданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ