Дар Ургут масҷиди нав барои 8 ҳазор намозхон сохта шуд

Дар маҳаллаи Мерганчаи ноҳияи Ургут масҷиде, ки аз ҷониби одамони саховатпеша бунёд гардидааст, ба истифода супурда шуд.
Майдони умумии масҷид 1,06 гектар буда, аз ду ошёна иборат аст. Дар ин ҷо тақрибан 8 ҳазор нафар намозхон метавонанд ибодат кунанд. Гумбази баробар ба 36 метр дар маркази масҷид ҷойгир шудааст. Дар чор тарафи бино минораҳои баландияш 40 метр буда қад кашидааст.

  • Сохтусози масҷид аз соли 2013 оғоз гардида буд, — мегӯяд саримом хатиби ноҳия Шодӣ Ҳақбердиев. – Гарчанде, ки ин корҳои бунёдкорӣ бисёр тӯл кашида бошад ҳам сифатнок баромад. Бо ташаббус ва кӯшиши одамони саховатманду устоҳои бомаҳорат дар ноҳияамон инчунин маскани муқаддас, маҷмуаи зебо барпо карда шуд.
    Дар ин ҷо таҳоратхона, барои имом хатиб ва дигар ходимон бо шароитҳои васеъ биноҳои маъмурӣ низ мавҷуд аст.

Бахтиёр МУСТАНОВ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ