180 маҳаллаи дурдасти вилоят боғча надорад



Дар идораи Садорати таълими томактабии вилояти Самарқанд бо сарварии Шӯҳрат Раҳмонов анҷумани матбуотӣ баргузор гардид. Дар он оиди вазъи имрӯзаи ташкилотҳои таълими томактабии вилоят ва ноҳияҳо маълумот дода шуд.
Бояд таъкид намуд, ки ҳукумати кишварамон аз соли 2018 то 2020 дар соҳаи таълими томактабӣ 76 ҳуҷҷати меъёрӣ қабул кард. Бори нахуст барои мустаҳкам намудани пойгоҳи техникӣ ва моддии ташкилотҳои таълими томактабӣ системаи Компанияи инжиниринг оиди рушди инфрасохтор ташкил гардид. Инчунин, механизми шарикӣ бо давлатро низ ба роҳ мондаанд.
Имрӯзҳо 51,4 ҳазор нафар кӯдакон ба таълими томактабӣ ҷалб карда нашудаанд. Сабаб, дар ҳудуди 180 маҳаллаи дурдасти вилоят боғча сохта нашудааст.
Дар 456 маҳалла боғчаҳои давлат умуман вуҷуд надоранд. Аз ҷумла, дар 10 маҳаллаи ноҳияи Булунғур, 5 маҳаллаи ноҳияи Ҷомбой, 13 маҳаллаи ноҳияи Иштихон, 10 маҳаллаи ноҳияи Каттақӯрғон, 4 маҳаллаи ноҳияи Нарпай, 8 маҳаллаи ноҳияи Нуробод, 3 маҳаллаи ноҳияи Оқдарё, 6 маҳаллаи ноҳияи Пайариқ, 24 маҳаллаи ноҳияи Пастдарғом, 11 маҳаллаи ноҳияи Пахтачи, 15 маҳаллаи ноҳияи Самарқанд, 6 маҳаллаи ноҳияи Тайлоқ, 28 маҳаллаи ноҳияи Ургут ва 5 маҳаллаи ноҳияи Қӯшработ боғча умуман нест.
Пас аз маълумот оиди фаъолияти кӯдакистонҳо вакилони ахбори оммавӣ бо саволҳои ҷолиби диққат ба роҳбари Садорати таълими томактабии вилояти Самарқанд муроҷиат карданд.

  • Мо бояд барои кӯдакон аҳамияти кӯдакистонҳоро дарк намоем. Имрӯз барои онҳо маблағе, ки сарф мекунем, фардо ба мо даҳчандон бармегардад, — гуфт Ш. Раҳмонов. — Афсӯс, ки то ҳол баъзеҳо ба ин масъала таваҷҷӯҳ намекунанд. Кӯдакистонҳои хусусӣ барои ҳама рост намеояд, барои ин ба боғчаҳои давлатӣ хурдтараконро диҳем. Дар ин ҷо барои кӯдакон ҳама шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Барои дохил шудан ба кӯдакистон аз волидони кӯдак маълумотномаи тиббӣ, нусхаи гувоҳнома ва расм талаб карда мешавад. Ҳар гуна пулчинӣ дар кӯдакистонҳои давлатӣ бо қонун таъқиқ карда шудааст.

Шаҳзод КЕНҶАЕВ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ