Златан ба хонааш бармегардад

Форварди дастаи “Милан” — Златан Ибрагимович ба тими миллии Шветсия даъват шуд. Сомонаи Sky Sport Italia менависад, ки ҳамлагари 39-сола ба ҳайати пешакии тими миллӣ барои бозиҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳон — 2022 ва бозии дӯстона бо тими Эстония шомил карда шуд. Тибқи иттилои манбаъ, “Милан” ҳанӯз даъвати футболбозро ба дастаи мунтахаб тасдиқ накардааст. Златан рӯзи 28-уми феврал дар бозии Серия А муқобили “Рома” (2:1) ҷароҳат гирифта буд ва феълан дар ҳолати барқароршавӣ карор дорад. Моҳи ноябр расонаҳо навишта буданд, ки сармураббии тими миллии Шветсия — Янне Андерссон масъалаи бозгашти Ибрагимовичро баррасӣ мекунад ва моҳи январ, бино ба маълумоти ғайрирасмӣ, онҳо гуфтугӯи шахсӣ доштанд. Ибра аз соли 2001 то 2016 дар тими миллии Шветсия бозӣ кардааст. Дар 116 бозӣ вай 62 гол задааст ва нишонзани беҳтарини даста мебошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ