Месси рекорди Хавиро такрор кард

Месси дар рақобати даври 27-уми Ла Лига бар зидди “Уэска” (4:1) ба майдон баромада, шумораи бозиҳояшро дар ҳайати “нилунориҳо” бо собиқ нобиғаи ин тим Хавии баробар намуд. Ин бозӣ барои аргентинии 33 сола 767-умин бо пироҳани каталониҳо ба шумор меравад. Аз рӯи натиҷаи бозиҳо бошад, Лео бо Хави (ҳарду 767 бозӣ) баробар шуд. Месси дар 767 бозии тамоми мусобиқаҳо дар ҳайати “Барса” ба задани 659 гол ва 262 паси головар анҷом додааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ