Одоби меҳмонравиро медонед?

Ба мақоли «Марав ҷойи нохонда, намон аз ҷойи хонда» амал карда, он ҷое, ки моро ба меҳмонӣ даъват кардаанд, рафтан даркор.
Агар зану шавҳарро даъват карда бошанд, аз вақти таъиншуда дер намонда рафтан, аз рӯйи одоб аст.
Ҳангоми ба меҳмонӣ рафтан, бурдани тӯҳфа ҳам аз одатҳои миллии мо мебошад. Ин нишонаи эҳтирому эътибор, иззату икром нисбат ба мизбон аст.
Вориди хона шуда, «боз киҳо меоянд?», гуфта пурсидан нодуруст аст. Агар соҳиби хона лозим донад, худаш шумораи меҳмонон ва киҳо омаданашонро мегӯяд.
Хуб мешуд, ки одам ба меҳмонӣ аз ҳад зиёд гурусна нарафта, каме бошад ҳам, тановул кунад. «Кӣ чӣ хӯрда истодааст?» гуфта, ба луқмаи каси дигар нигоҳ кардан айб аст. Нодида барин ба чор тарафи хона нигоҳ накарда, баръакс, суханҳои ба гӯш форам гӯяд. Бо саволҳои бемавриди худ дили соҳиби хонаро наранҷонад.
Пас аз хӯрдани таомҳо ба соҳиби хона изҳори миннатдорӣ карда, «хӯрок бисёр бомазза шудааст», «лаззат карда хӯрдем», «ташаккур» гуфтан аз рӯйи одоб аст.
Баъди хӯрдани таом яку якбора хеста, «моро ҷавоб диҳед», гуфтан нодуруст аст. Агар коратон зарур бошад, номаълум ба берун баромада, баъд аз мизбон ҷавоб пурсида, хайру хуш кардан аз рӯйи таомул мебошад.
Бо меҳмонҳои сари дастархон бо сӯҳбат кайфияти якдигарро хуш карда нишастан ба кас хурсандӣ бахшида, ғаму ғуссаро дур мекунад.
Ёд дорам, қиблагоҳам марди дасткушод ва дастархондор буданд. Моҳе як бор дар ҳавлӣ бо дӯсту ҷӯраҳои худ менишастанд. Дӯстонашон соҳиби касбу кори гуногун, шахсони обрӯманди гузари Сӯзангарон буданд. Баъди тановули хӯрок дар қисми дуввуми меҳмондорӣ – шеъргӯӣ, ҳазлу мутоиба, сурудхонӣ авҷ мегирифт. Аз навигариҳои рӯйи олам, муваффақиятҳои шаҳру вилоят, таълиму тарбия, ҳунармандони гулдаст сӯҳбат мекарданд. Муҳокимаи дӯстонро бо хушнудӣ қабул карда, дониш ва маънавияти якдигарро зиёд мегардонданд.
– Аз сӯҳбати дӯстон ман ҳузур мекунам, – мегуфтанд падарам. – Навигариҳоро шунида, ба завқ меоям. Кошкӣ, фарзандҳои ман ҳам мисли онҳо китобхону донишманд, олиму доно шаванд, сонӣ ба орзуям мерасидам.
Рафтани меҳмон бо иҷозати мизбон аст. Ҳангоми дуои сари дастархон ободонии ин хонадон ва бахту саодати аҳли оилаи соҳибхонаро ба забон овардан ҳам аз расму оинҳои миллии мо мебошад.

Н.САИДОВА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ