Гиромидошти шоир ва адиб

Рӯзи 13-уми марти соли ҷорӣ дар Маркази ахбор-китобхонаи ба номи А. Пушкини шаҳри Самарқанд таҳти ташаббуси рӯзномаи «Овози Самарқанд» дар ҳамкорӣ бо Маркази миллӣ-­мадании тоҷик ва тоҷикзабонони вилоят ба муносибати 110-солагии шоир, адиб, драматург ва арбоби давлатӣ устод Абдусалом Деҳотӣ тадбири бошукӯҳ ба вуқӯъ пайваст. Дар он эҷодкорон, хонандагони мактабҳои миёна, донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Самарқанд, навқаламон ва вакилони расонаҳои ахбор ширкат варзиданд.
Қабл аз оғози тадбир видеолавҳа доир ба эҷодиёти А. Деҳотӣ ва хонаводаи шоир намоиш дода шуд, ки аз ҷониби рӯзноманигор, ҷавони умедбахш Фирӯзҷон Абдумӯъминов таҳия шудааст.
Сардабири рӯзномаи «Овози Самарқанд» Баҳодури Раҳмон нишасти адабиро ифтитоҳ бахшида, риштаи суханро ба устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд Абдусалом Самадов дод.
Нотиқ дар маърӯзаи хеш доир ба ҳаёт ва фаъолияти мавсуф ҳарф зада, таъкид кард, ки хизмати ӯ бобати ғанӣ гардонидани адабиёти муосири тоҷик бузург аст.
– Устод Абдусалом Деҳотӣ ҳамчун қаламкаши боҳунар ва публисисти соҳибзавқ дар таърихи робитаҳои адабиёти тоҷику ӯзбек саҳми арзанда гузошта, чун устод Садриддин Айнӣ дӯстии адабии ду халқро, ки аз Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ сарчашма гирифтааст, тарғибу ташвиқ намуд, – иброз дошт А. Самадов. – Дар мақолаҳои пурмӯҳтавои хеш аз таърихи риштаҳои дӯстии ин ду халқ, ҳамоҳангии санъату адабиёт, шоирони зуллисонайн андешаҳо рондааст.
Инчунин, раиси маҳаллаи Боғимайдони шаҳр Тошпӯлод Раҳматуллоев, мудири Хона-­музейи ба номи Ориф Гулханӣ Муқимҷон Орифӣ, хешовандони устод А. Деҳотӣ – Шодӣ ва Матлуба Саидназароваҳо, Тӯйчӣ Бобоев ба сухан баромаданд.
Баромади дилнишин
Толибилмони мактабҳои таълими умумии рақами 14 ва 40-и ноҳияи Самарқанд аз шеъру достонҳои шоири хушбаёну ширингуфтор намунаҳо қироат карданд.
Аҷиб буд, ки яке аз хонандагон ҳангоми қироати шеъри «Баррачаи ман», шояд аз ҳаяҷон чанд мисраи охирини шеърро фаромӯш кард, ки якбора ҳозирон ҷӯр шуда идома доданд:

Агар ба об ташнаӣ,
Ба ҷӯй дав тапар-­тупур,
Шикамчаат, ки сер шуд,
Ба рақс о: гусур-­гусур.
Ба кишту гул даҳан занӣ,
Бузак барин шатар-­шутур.
Шунида мон, ки мезанам,
Ба химчаҳо тасар-­тусур!

Рости гап, ба ровӣ ҳамоҳанг шудан ба аҳли толор аввало хурсандӣ бахшида бошад, дуюм чунин ҳолат аз он гувоҳӣ медод, ки шеърҳои шоир оддӣ, фаҳмо, равон ва ба хотири мухлисонаш аз солҳои мактабхонӣ нақш бастааст.
Бояд таъкид намуд, ки аз ҷониби ҳозирон таклифҳо оиди дар зодгоҳи соҳибҷашн таъсиси хона-­музейи шоир ва чопи маҷмӯаи шеър­ҳои бачагонаи Абдусалом Деҳотӣ дар Самарқанд баррасӣ гардид.
Воқеан, таъкид намуд, ки таҳририяти рӯзномаи «Овози Самарқанд» дар ҳамкорӣ бо Маркази миллӣ-­мадании тоҷик ва тоҷикзабонони вилоят иқдоми некро оғоз намуданд. Чанде пеш 105 солагии шоири ватанпарвар Ҳабиб Юсуфӣ низ дар Самарқанд тантанавор ҷашн гирифта шуд. Яке аз иқдоми неку ҷолиби диққат чоп кардани асарҳои шоиру нависандагони водии Зарафшон аст. Вале таассуфовар, то ҳомиҳои савобталабу дурандеш нестанд, ки ҳимматбаландона дасти хайр кушоянд.
Кӯча куҷо шуд?
Воқеан, Абдусалом Деҳотӣ яке аз шогирдони вафодори Садриддин Айнӣ буд, ки устод қалам задани асарҳои худро танҳо ба ӯ иҷозат медод.
Ифтихори мо аз он аст, ки А.Деҳотӣ дар деҳаи Боғимайдони шаҳри Самарқанд чашм ба олами ҳастӣ кушода, боиси сарфарозии мо мебошад.
Ба ин хотир дар 60-солагии соҳибҷашн бо ташаббуси равшанфик­рон кӯчаи марказии Боғимайдон ва мактаби таълими умумии рақами 25 номи ӯро гирифта буд. Мутаассифона, бо баъзе сабабҳо номи вай аз кӯча гирифта шуд.
Хушбахтона бо сиёсати хирадмандона ва башардӯстонаи сарвари давлатамон Шавкат Мирзиёев солҳои охир муносибат ба омӯзгорону олимон, аҳли илму адаб тағйир ёфт. Бинобар ин, вақти эътироф кардани хизматҳои шоистаи фарзандони фидокор ва садоқатманди Ватан фаро расидааст. Зеро солҳои 30-юми асри гузашта бо амри Ватан равшанфикрони Самарқанду Бухоро барои ба савияи баланд бардоштани маданияту маърифат сӯйи шаҳри Душанбе рахти сафар баста будаанд, ки яке аз онҳо Деҳотии зиндаёд аст.
Умед аст, ки ҳокимияти шаҳри Самарқанд ин иштибоҳро ислоҳ мекунад ва яке аз кӯчаҳои шаҳрамон боз номи устод Абдусалом Деҳотиро хоҳад гирифт.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ