Дар 3 бозии ҳафтаи 3-юми Суперлига аз системаи VAR истифода мебаранд


Лигаи футболи касбии Ӯзбекистон дар 3 вохӯрӣ дар чорчӯби Суперлига аз системаи VAR истифода бурданист.
«Рӯзи панҷшанбе, 18-уми март баҳсҳои ҳафтаи 3-юми Суперлига оғоз мегирад. Медонед, аз соли ҷорӣ дар вохӯриҳои чемпионати миллиамон аз системаи VAR истифода бурда мешавад. Аз ҷумла, дар 3 бозии навбатӣ системаи Assistant Referee кор мекунад.
Бино ба он, дар бозиҳои «Турон» — «Локомотив»; «Навбаҳор» — «Насаф» ва «Бунёдкор» — «Андиҷон» истифода бурдан аз системаи VAR дар нақша аст» — гуфта мешавад дар хабар.
Хотиррасон мекунем, ки дар бозии ҳафтаи дуюм, дар вохӯрии «Локомотив» — «Навбаҳор» (1:2) аз системаи VAR истифода бурда шудааст ва тавассути он ба дарвозаҳо 3 тӯби ҷаримаи 11-метрӣ муайян гардидааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ