“Реал” ва “Манчестер Сити” ба давраи чорякниҳоӣ гузаштанд


Шаби гузашта ду бозии ҷавобии даври ҳаштякниҳоии Лигаи қаҳрамонони Аврупо баргузор шуд.
Дастаи “Реал” дар майдони худ “Аталанта”-ро бо натиҷаи 3 бар 1 шикаст дод. Бозии нахустини ин дастаҳо низ бо ғалабаи мадридиҳо ба поён расида буд.

Дар Англия бозии “Манчестер Сити” бо “Боруссия Мёнхенгладбах” баргузор шуд.
Шогирдони Гвардиола дар бозии дувум низ олмониҳоро шикаст доданд – 2:0.


Бо ин ҳол, “Реал” ва “Манчестер Сити” ба давраи чорякниҳоии мусобиқа роҳӣ шуданд.
Имшаб ду бозии охирини давраи ҳаштякниҳоии Лигаи қаҳрамонони Аврупо баргузор мешавад.
“Бавария” бо “Латсио” ва “Челси” бо “Атлетико” рӯбарӯ мегардад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ