Омиле, ки хавфи марг аз коронавирусро 4 баробар зиёд мекунад, аниқ шуд


Олимони донишгоҳи Лестери Англия тадқиқот гузаронданд ва омилеро, ки хавфи марг аз коронавирусро 4 баробар зиёд мекунад, муайян карданд.
Дар ин бора «The Daily mail» хабар дод.
Бино ба натиҷаҳои тадқиқот, одамоне, ки камҳаракатанду суст мегарданд, нисбатан 4 баробар бештар қурбони коронавирус мегарданд. Дар тадқиқот нишондиҳандаҳои беш аз 412000 бемори 40-69-сола таҳлил шудааст.
Ҳамин тавр, олимон аниқ карданд, ки шаҳрвандони камҳаракат 3,75 маротиба бештар ба марг мерасанд.
Инчунин, дар одамоне, ки суст роҳ мегарданд назар ба одамоне. ки тез- тез мегарданд хавфи ривоҷи шакли вазнини коронавирус ба 2,5 баробар баландшавиаш аниқ гаштааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ