Ӯзбекистон истеҳсоли дастгоҳҳои нафаскашии сунъиро ба роҳ монд


16 март дар Тошканд корхонаи истеҳсоли дастгоҳҳои нафаскашии сунъӣ ифтитоҳ шуд.
Бино ба хабари маркази матбуотии вазорати рушди инноватсионии Ӯзбекистон, корхонаи Chirana Asia дар як сол 500 дастгоҳи нафаскашии сунъӣ, 200 дастгоҳи наркоз ва нафаскашӣ истеҳсол мекунад.
Ин корхонаи муштараки Ӯзбекистон, Русия ва Словакия мебошад. Арзиши умумии лоиҳа 6 миллион аст ва дар марҳилаи аввал 2 миллион доллар сармояи хориҷӣ ҷалб шуд. Дар корхона ҳоло 25 нафар кор мекунанд. Дар оянда шумори коргарони корхона ба 100 нафар мерасад.
Иброҳим Абдураҳмонов, вазири рушди инноватсионӣ гуфт, “Мо дар оянда ҳаҷми истеҳсоли дастгоҳи нафаскашии сунъиро ба 100 дона мерасонем ва экспортро оғоз мекунем”.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ