#Варзиш «Ювентус» ивазкунандаи Криштиану Роналдуро пайдо кард



Дастаи «Ювентус» тобистони соли оянда метавонад аз ситораи асосии худ — Криштиану Роналдуи 35-сола ҷудо шавад ва роҳбарони клуби Турин орзу доранд, ки ӯро бо ҳамлагари «Боруссия» -и Дортмунд Эрлинг Ҳолланд иваз кунанд. Бино ба иттилои манбаъ, Роналду аллакай ба агенти худ Хорхе Мендеш супориш додааст, ки клуби нав ҷустуҷӯ кунад. “Манчестер Юнайтед”, “Пари Сен-Жермен” ва “Реал Мадрид” довталаб барои Роналду маҳсуб мешаванд. Агар гузариши Роналду ба “Реал Мадрид”амалӣ шавад, пас “Ювентус” ба таври ҷиддӣ интизор аст, ки форварди 20-солаи “Боруссия” — Эрлинг Ҳолландро ба даст орад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ