ПИРИ БАРНОДИЛИ СУХАН

Мегӯянд, ки ҳама кор вақту соат дорад. Ба ҳамин маънӣ, дар бораи сухангустарии шоири хушадову хушбаён Худоназари Оқсоӣ кайҳо боз ният доштам, ки гуфтаниҳоямро рӯи коғаз фарорам. Ин азму ниятро Наврӯзи оламафрӯз, ки ба кишвари биҳиштосоямон рангу бӯи сад чаманро оварда, гирду атрофро боз ҳам муаттару зеботар менамояд, бо яке аз суннатҳои ҷовидонааш – заҳмати пирони собиқадорро хоса дар ин рӯзҳои фархунда қадршиносӣ намудану ба муносибати рӯзи мавлудашон муборакбодӣ кардан, илҳоми тоза бахшид. Дигар ин, ки ба ин амали савоб хоҳишу маслиҳати дӯстони эҷодкорам, хоса бародари содиқам Ҳамза Ҷӯра ҳидоят намуд.
Пири барнодили сухансанҷ Худоназари Оқсоӣ 18-уми марти соли 1937 дар деҳаи фараҳбахши Оқсой ба дунё омада, баъди хатми мактаби зодгоҳ солҳои 1958-1963 дар факултаи суханшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таълим гирифтааст. Дар қатори ҳамсолону ҳамсабақонаш Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Сорбон, Меҳмон Бахтӣ, Баҳром Фирӯз аз файзи маҳфилҳои адабие, ки таҳти роҳбарии устодон Боқӣ Раҳимзода ва Холиқ Мирзозода созмон мегаштанд, баҳраманд гардидааст. Пас аз хатми донишгоҳ дар телевизиони ҷумҳурӣ ва рӯзномаи «Норак» ба ҳайси муҳаррир адои хизмат намуда, соли 1968 ба зодгоҳи азизаш бармегардад ва солҳои тӯлонӣ сарварии мактаби миёнаи рақами 19-ро фидокорона ба субут мерасонад. Аз ҳафтодсолагӣ ба шеъру шоирӣ ҷиддан машғул гашта, минбаъд ҳамчун шоири хушсалиқа якчанд маҷмӯаҳои шеъриро ба ҳукми хонанда пешкаш менамояд.
Осори назмии Худоназари Оқсоӣ ба хотири мавзӯъ тарҳрезӣ нагардидаанд. Маҷмӯаҳои шеъриаш «Оинаи дил» (2007), «Сиришки шодӣ» (2008), «Гулбоғи дубайтӣ» (2009), «Оқсойнома» (2010), «Сухани вопасин» (2018), ки бо саъю эҳтимом ва ташаббуси марди ҷонсӯзи фарҳангу адаб Асадулло Шукурзода рӯи чопро дидаанд, баробари аз шоири сермаҳсул будан, аз сухансанҷи зукко будани муаллифаш хабар медиҳанд. Онҳо аз ҷиҳати мазмун ва мундариҷа бою рангин ва дилрабову дилнишинанд
Ба ҳамин маънӣ, дар ашъори ӯ як силсила шеърҳое ҷолибу муассире мавҷуданд, ки ба зодгоҳи азизаш Оқсои зебоманзар бахшида шудаанд. Дар онҳо шоир аз хусуси қадамҷои Ҳазрати Довуд, Кӯҳи сафеди сарбаланду бовиқор, Обшорҳои Нозиму Париён ва Камар, Чилдухтарон барин мавзеъҳои сафобахши он сухан карда, «ҷаҳони хурраму дунёи бофараҳ», «хилвати парирӯёни бегунаҳ», «олами рамзу ҷаҳони ибратӣ», «маскани андеша», «мулки ҳайратӣ» будани ин гӯшаи сарсабзи кишварро бо меҳру самимият васф намудааст:
Дилфиребу дилнишинӣ, деҳаам,
Холи рухсори заминӣ, деҳаам.
Гирумонҳои шоиронаи Худоназари Оқсоӣ ҷиддиву солоранд, аз завқу фаросат ва мантиқу адофаҳмиаш дарак медиҳанд. Навиштаҳояш аз шеъри аксар шоирони ҳамзамонаш бартариҳо доранд. Яъне, шеъраш равон буда, мисли шеъри аксарият гарон нест. Табъи равон, кушодазабонӣ фазилати асосии сухангустариаш аст. Худи шоир ҳам дар ин хусус гуфтааст:
Намепурсам, Худо, дунёи Қорун,
Нагӯям аз сари нав кӯдакӣ деҳ.
Шунидан хоҳӣ оҳамро, гаҳе чанд,
Ба коми ман забони Рӯдакӣ неҳ.
Дар ҳамин маънӣ, шеъри ӯ бо заҳмату маҷбурияте сохта нашудаанд. Онҳо бо тарзи ифода, образнокиву бадеият бори маънӣ кашида, ба хонанда маърифат медиҳанд, ӯро ба шӯру шавқ меоранд, ба андеша водор мекунанд. Зеро дидаи воқеъбини шоир фарох буда, баҳору тирамоҳи зиндагӣ ва дигар кайфиятҳои онро дар шакли табиию воқеӣ мушоҳида менамояд. Аз ин рӯ, сари шеърҳояш тааммул карда, ба мантиқи сухан ва маънигустарии шоир сар фурӯ барем, ба шоири мушоҳидакору маънипарвар будани ӯ бовар мекунем:
Намебояд қадамҷояш шуморанд,
Мазороте, ки қабри шоире нест.

Ин гуна ашъор дар нигоҳи аввал ҳамчун падидаи муқаррарӣ ва ташхиси лаҳзаинаи як лавҳаи зиндагӣ метобад, вале дар асл рамзу ишорат ва маъниҳои амиқеро фаро гирифтаанд, ки аз тафаккури қавӣ ва зеҳни буррои шоир гувоҳӣ медиҳанд.
Худоназари Оқсоӣ лаҳзаҳои зиндагиро амиқ эҳсос намуда, бо тахайюл ва андеша қалам меронад. Ӯ бо ибораҳои тоза, баъзан бо руҷӯъҳои лирикию воқеӣ ба шеъраш ҷилои хоси маъноӣ медиҳад, ки ифодаи фитрату хулқаш мебошанд. Чунончи, дар бораи беди маҷнун бисёр навишта, «мӯйи парешон»-у шохаҳои маҳзунашро ба ҳоли Маҷнун шабеҳ додаанд. Аммо шеъри дар ин мавзӯъ гуфтаи шоир такрор нестанд. Онро тасвироти тозаи шоирона хотирмон кардааст.
Худоназари Оқсоӣ пири барнодили ишқ ҳам мебошад. Дар ашъораш ишқи беғашу беғубори заминӣ пурэҳсосу самимона васф ёфтаанд. Гарчанд қаҳрамони лирикии ин шеърҳо дар мӯйи сар «чанги орд дорад» ва «дар ҷабину рӯй дорад ҷӯйҳо» ба ҳусну қубҳи хушрӯйҳо беэътибор нест. Ӯ зебопарасту дилзинда аст, ба қадри зиндагӣ мерасад. Ба як маънӣ, гадои ишқ мебошад, ки чунин илтиҷо дорад:
Эй ишқ маро пири муҳаббат кун,
Дар ин амонат содиқи садоқат кун.
Қаҳрамони лирикии ин гуна ашъор ҳассосу содиқ аст. Ӯро тоқати дидани ашки ёр нест ва ин ҳолати маҳзун дар шеър маънии тоза ёфтааст: «Марезон оби чашмони базебат, Ки ашкат рӯйи зебоят харошад». Инчунин бовар дорад, ки ҷисми дардмандаш якумра накҳати ӯро мебезад:
Бади маргам боз сад соли дигар,
Аз мазорам бӯйи вай хезад ҳаме.
Қаҳрамони лирикӣ айёми ҷавониро бо дарду армон ёдовар мешавад. Бо таассуф менигорад, ки дасти бешафқати аъмол ҷудоиро аз ёри хубрӯ дар дафтари қисмат навиштаасту паи ишқашро дил то ҳол биспурда натонад:
Миёни синаат сар монда хурсанд,
Шабон гашти ҷавонӣ дидаем мо.
Лабонро бар лабат бинмуда пайванд,
Нишоти зиндагонӣ дидаем мо.
«Кампирномаҳо»-и (агар ҳазломез ҳамин тавр гуфтан ҷоиз бошаду аз ин шоир наранҷад) Худоназари Оқсоӣ самимиву ҳиссиётангезанд. Кампири дар садоқату меҳрубонӣ ягонааш «ҳусни хона», «зеби манзил», «давлати сар», «роҳати дил»-и ӯст:
Қасри умрамро сутуни бобақо,
Хонаи подору маҳкам, кампирам…
Кампирон зеби ҷаҳон бошанд агар,
Ҳусни кампирҳои олам, кампирам.
Дар ин қабил ашъор баъзан майли зарофатгӯии шоир эҳсос гашта, хонандаро бо олами маҳзуну пурармон, вале фараҳҷӯи пирӣ ошно месозад:
Рафт умру кампири бечораро,
Бо ҳамин алфоз фандаш медиҳам.
«Ҳар гаҳе соҳиби дунё мешавам,
Зар ба домон, пул ба бандаш медиҳам».
Аммо рӯзгори инсонӣ на ҳамеша моломоли шодиҳост. Ин аст, ки кампири вафодораш ӯро танҳо бигзошта ба дорулбақо мераваду ҷаҳони ӯро ҳамсони гӯраш тор намуда, мадор аз баданаш, тафт аз дилаш мебарад:
Шудам бевақт з-асрори дил огоҳ,
Тавон аз кампирам он мегирифтаст.
Ба кохи омадам будаст мифтоҳ
Туфайлаш ҷисми ман ҷон мегирифтааст.
Баъзан ашъори шоир Хайёмонаву Лоиқона садо дода, дили хонандаро саршори эҳсосоту андеша мегардонад, ӯро ба қадри хушиҳои рӯзгор расидан ҳидоят менамояд:
Аё соқӣ, лаболаб кун пиёла.
Раҳон аз ғуссаҳои порсола.
Кӣ медонад, ки мо ҳастем, ё не
Ба дигар мавсими наврӯзу лола.
Дар шеъри Худоназари Оқсоӣ тазодҳои зиндагӣ, дарду реши дунё содаву дилчасп ба қалам гирифта шудаанд, ки тавсифҳои камарзиш, суханҳои обшустаашон каманд.
Бидидам дар ҷаҳони шебу афроз,
Ки ғофил бар бузурге гашт устоз.
Ба назди аккаи пушту панаҳдор,
Сари таслим фуруд овард шаҳбоз.

Чунин ба мушоҳида мерасад, ки дили шоир аз носозгориҳои замона, аз қабили «Доғу дарде ҷуз ғами ишкам намонд», коҳиш ёфтани меҳру оқибат, қадри одаму одамгарӣ ва арзишҳои дигари ин дунёи бесангу тарозу ба дард меояд. Ширингӯёни бадкирдор, накӯкорони бадгуфтор, бахилу нотавонбинони риёкор ва қадрношиносони кӯрнамакро сахт мазаммат менамояд:
Яке мункир биёмад бар ниёгон,
Бизад устодро бо санги бӯҳтон.
Ба танқиду мазаммат гашта саргарм,
Ҳаромӣ буданашро кард шоён.
Гоҳо дар шеъраш ҳазлу зарофат ва мутоиба ҳам дида мешавад, ки мазмун ва мундариҷаро хотирмону муассир намудаанд:
Хасисе як саховат карданӣ шуд,
Зи мумсикӣ бурун як бор омад.
Ба тӯяш куртае инъом бинмуд,
Ба лӯхтаки набера тор омад.
Шеъри шоир ба ҷавонон панди рӯзгор медиҳад, онҳоро ба сидқу вафо, одамгарӣ, эҳтироми падару модар даъват мекунад, ки эъзози ақлу завқи соҳибаш аст:
Ба роҳат модарат бо чашми чор аст,
Ба дидорат бародар ташна, зор аст.
Марав лағжида аз роҳи садоқат,
К-арӯси чиладорат интизор аст.
Дар шеъри маънипарвари шоир ифодаҳои нозук ва обдори халқӣ бисёранд. Ба хусус, пандҳои рӯзгор сайқал ёфта, ҳусни маъниро афзудаанд. Чунончи, «Чу чирки даст бошад моли дунё», «Чӣ парвои маҳак дорад зари пок», «Шодмон саг мешавад аз марги хар», «Об лой аз сар ҳамеояд нишеб», «Зи одам хок ҳам серӣ надорад», «Савоби ошиқӣ беш аз гуноҳ аст», «Худхӯре охир сари худ мехӯрад». Лутфҳои зебои шоирона, ба монанди «Ба кайк эзори уштур танг омад», «Қисмати бад бо аҷал кардам никоҳ» маъниҳои амиқ ёфтаанд. Хонанда аз ашъори шоир маъноҳои нуҳуфта, мазмунҳои бомағзро ёфта, аз ташбеҳу истиораҳояш ба ваҷд меояд:
Бизад шояд ба ҷони чормағзон
Шаби дайҷӯру рӯзи гарми ин фасл.
Ки сар то пой гардиданд урён,
Ба сони наварӯсон дар шаби васл.
Ё худ:
Ба рӯи қалби пуртуғён ду норат,
Лапад чун себи дар болои дарё.
Ҳамин тавр, шеъри шоир бо восита ва тарзҳои баёни зебову дилпазир офарида шудаанд, ки зодаи қалби гарму ихлоси худододи ӯст. Он туфайли соддагию бетакаллуфӣ имтиёз пайдо кардааст. «Ибороти балиғ»-е ба мисли «дандони имкон», «хандакуш», «шакарланг», «тарозуи ду абрӯ», «пирсаги сулҳфурӯш» шеърашро рангину пуртароват намудаанд. Гарчанд худи ӯ узромез мегӯяд:
Мабодо, гуфтаам нохуш барояд,
Бигӯям пешакӣ узрам, халоиқ.
Ба шеъри ман гумони бад нашояд,
Пири ишқам. На Бозорам, на Лоиқ.
Дар ин рӯзҳои фараҳбахши Наврӯзи оламафрӯз ба пири барнодил Худоназари Оқсоӣ аз Офаридгор сиҳативу саломатӣ, хотири ҷамъ, ободии рӯзгор, давлати пириро таманно дорем. Орзумандем, ки мурғи илҳомаш боз солҳои дароз андешаву афкори тозаро маънидод кунаду ашъораш аз дилу дидаи мардум гарму гуворо маъво гирад.

Абдусалом САМАДЗОДА, академики Академияи фанҳои Тӯрон.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ