Давраи ҳаштякниҳоии Лигаи қаҳрамонони Аврупо ба поён расид


Шаби гузашта охирин бозиҳои давраи ҳаштякниҳоии Лигаи қаҳрамонони Аврупо баргузор шуд.
“Бавария” дар Мюнхен “Латсио”-ро бо натиҷаи 2 бар 1 мағлуб кард. “Челси” таҳти сармураббигии Томас Тухел “Атлетико”-и Испанияро дар бозии дувум низ шикаст дод – 2:0.
Бо ин ҳол, номи 8 дастае, ки дар давраи чорякниҳоӣ мусобиқаро идома медиҳанд, маълум шуд:
“Манчестер Сити”, “Ливерпул”, “Челси” (Англия);
“Бавария”, “Боруссия Дортмунд” (Олмон);
“Реал” (Испания);
”“ПСҶ” (Фаронса);
“Порту” (Португалия).
Фардо, 19 март маросими қуръакашии даври чорякниҳоӣ баргузор мегардад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ